Таблак
Таблак, (табли хурд), сози қадимаи зарбии мусиқист, ки аксаран дар кӯҳистони Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон маъмул аст. Он кӯзашакл буда, масолеҳаш аслан аз сафолу чӯб аст, вале гоҳо аз каду низ месозанд. Ба як тарафаш пӯст мекашанд. Онро дар нишаст, қисми борикашро зери бағал гирифта (онро рост истода ба гардан овехта), бо панҷаҳои ҳарду даст менавозанд. Дарозиаш 35-40 см қутраш 18-20 см мебошад. Таблак аз асрҳои миёна инҷониб маъмул аст. Ҳоло таблак дар ансамблҳо ва оркестрҳои созии миллию мусиқии касбӣ эстрадӣ истифода мешавад.
Адабиёт
вироиш- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик Ҷ.3. - Душанбе,2004
- Вьзго Т.С. Музыкальные инструменты средней Азии // Исторические очерки.-М, «Музыка», 1980;
- Петросян А.И Инструментоведение // Узбекские народные инструменты.-Ташкент, 1980.
Адабиёт
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.