Табхоли узвҳои таносул
Табхоли узвҳои таносул (герпеси навъи дуюм) — бемории сироятие, ки ҳангоми шамолхӯрӣ дар лаб «табларза»-ро (герпеси навъи якум) ба вуҷуд меорад, шабоҳат дорад.
Табхоли узвҳои таносул | |
---|---|
Ихтисос | Инфектология |
МКБ-10 | A60 |
---|---|
MedlinePlus | 000857 |
eMedicine | / |
MeSH | D006558 |
Ин беморӣ ба тамоми организм зарар мерасонад ва маротибае, ки дар лаб пайдо шуд, метавонад ба дигар узвҳои луобдор, аз ҷумла узвҳои таносул гузарад. Ба ҷилд ва пардаҳои луобдори чашм ва ҳангоми паст шудани масунияти бадан инчунин ба ҷигар, рӯда ва ҳатто майнаи сар низ зарар мерасонад. Вируси герпес дар нисфи беморон фаъол нест, тамоми умр мавҷуд аст, вале баъзан вақт шадид мешавад. Одатан шадидшавии ин вирус дар асоси бемориҳои дигар ба амал меояд. Инчунин дар мавсими гармӣ (вақте ки сокини шимол ба дарёи гарм барои истироҳат меояд), шароити ноқулай, хунукшавии аз ҳад зиёд, хасташавӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд. Чунин вирусҳоро оппортунистӣ меноманд. Дар марҳилаҳои аввали беморӣ, аломатҳо баъд аз 5-7 рӯзи мубталошавӣ ба монанди сурхшавии маҳдуди ҷилд ва ташаккул ёфтани ҳубобчаҳо, мушоҳида мегардад. Баъдан ҳубобчаҳо мекафанд, дар ҷои онҳо захмчаҳои сабабгори ба вуҷуд омадани захмҳои васеи қисмати болоӣ пайдо мешаванд. Дар ҷои захмчаҳо пӯст ташаккул меёбад ва дар зери он қисмати болоии захм бе ягон доғ ба пуррагӣ сиҳат меёбад. Аз сабаби варами мазкур гиреҳҳои лимфавии бадан тез-тез калон мешаванд. Агар беморӣ дар қисмати даҳон ба вуҷуд ояд, табларза одатан бо бемории шадиди роҳи нафас ба амал меояд. Дар баъзе беморон бо сабаби сироятпазирии пасти организм дар ком, дар паҳлуи дарунии рухсора, забон, ғадуди бодомшакл захмчаҳо пайдо мешаванд (кам дида мешавад). Агар вирус ба чашм гузашта бошад, конъюктивит ва ҳатто баъзан кератит (дар як чашм), газак, варам, хориҷшавии зардоб ба вуҷуд меояд. Дар ҳолатҳои вазнин захмҳои шохадор дар қарнияи чашм, ки баъди табобат доғ мемонад ва оқибат ба кӯршавӣ мерасонад, ба назар мерасад. Герпеси гениталӣ одатан хеле «хатарнок» аст ва на ҳама вақт аён мешавад. Бемории дуру дароз сабаби пайдошавии захмҳои калони қабати болоӣ, пеш аз ҳама дар пардаҳои луобдори узвҳои таносул (ҳамон «табларза» вале дар дигар ҷой), зарари хоядон ва простата мегардад. Дар ин ҳолат гиреҳҳои дохилии лимфавӣ варам мекунанд, вайроншавии роҳи пешоб ва одатан дард ба вуҷуд меояд, асосан ҳангоми пешоб кардан. Баъзан герпес ба пайдошавии ҷамъи кондиломаҳо, ки монанди озахи доирашакланд калон шуда, ба мисли гулкарам мешаванд ва дар қисмати узвҳои таносул, чатан ва мақъад ҷой мегиранд. Ҳангоми мубталошавии герпес дар батни модар зарарҳои гуногуни ҷанин аз ноаёнӣ ба марги дохили батнӣ мерасонад. Табобати герпеси гениталӣ, умуман чун герпес душвориҳои зиёд дорад. Ба андешаи баъзе табибон герпес умуман табобат надорад. Танҳо роҳи ҳалли ин масъала дар он дида мешавад, ки ин беморӣ бояд ба андозае табобат шавад, ки зуҳуроти клиникии он ҳадди ақал то чанд сол ба вуҷуд наояд. Мутаасифона, вақтҳои охир герпеси гениталӣ як дар сеи занони таносулӣ дида мешавад. Занони ҳомила бошанд, ин бемориро бо душворӣ аз сар мегузаронанд. Ин яке аз ҳодисаҳои классикие ба шумор меравад, вақте ки вирус бо сабаби тағири ҳормонҳои пурзӯр ҳамеша «аз худ мебарояд».
Аломатҳои беморӣ
вироишИн беморӣ дар организми занҳо бо дардҳои зери шикам ва қисмати узвҳои таносул, вайроншавии пешобкунӣ, хориҷшавии луоби фасод аз махбал оғоз меёбад. Герпес дар қисмати берунии узвҳои таносул пайдо шуда, бо хориш ва дигар эҳсосоти нороҳат зоҳир мешавад. Аксар вақт ҳарорати бадан баланд мешавад, дарди сар ва мушакҳо якчанд рӯз идома меёбад, баъдан мегузарад. Баъд аз 3-5 рӯз дар ҷойи доначаҳо ҳубобчаҳо бо моеъи шаффоф ба вуҷуд меоянд, ки дар рӯзи дуюм ва сеюм ба захмҳои дардманд мубаддал мегарданд, оҳиста-оҳиста хӯша андохта, тақрибан дар рӯзи ҳафтум-ҳаштум сиҳат меёбанд. На танҳо луоби махбал ва гарданаки бачадон, балки ҷилди чатан, сурин ва ронҳо дар қисмати банду буғуми косу рон осеб мебинад. Баъдан ҳубобчаҳо ба ҳубобҳои калон ҷорӣ мешаванд, мекафанд, захмдор мешаванд ва пӯсташон сахт мешавад, баъд аз ин намуди зоҳирии пӯст ба тартиб медарояд. Дар ин ҳолат гиреҳҳои лимфавии қадкашак метавонанд калон шаванд, баъзан ҳарорати бадан баланд мешавад, варами масонаи герпес ва пешобкунии дардноки мунтазам ба вуҷуд меояд. Агар герпес дар гарданаки бачадон асос ёфта бошад, беморӣ бе аломат мегузарад. Аммо захмчаҳо дар пардаи луобӣ чуқуртар ба назар мерасанд. Ҳамагӣ аз сурхшавӣ то сиҳатшавӣ се ҳафта мегузарад. Дар организми мард низ бемории мазкур бо аломатҳои зикршуда ҷараён мегирад, вале доначаҳо дар сараки узви таносул ва манбаи шаҳват пайдо мешавад. Оқибати бетобӣ инчунин простати сироятӣ, ки дарди чатан ва пешобкуниро ба вуҷуд меорад, шуда метавонад. Беморӣ одатан табиати хурӯҷкунанда дорад: баъд аз сиҳатшавии захмчаҳо, марҳилаи беҳбудии «хаёлӣ» оғоз меёбад, ки баъд аз вақти муайян (якчанд моҳ ё сол) ба шадидшавии нав мубаддал мегардад. Дар зери таъсири як қатор омилҳои муҳити беруна (баъзан ҳатто барангезиши оддии гениталий) вирус дар марҳилаи ноаёнӣ, гӯё ки дар ҳуҷайраҳои системаи асаб хоб аст, то он вақте ки аз макони худ, яъне ҳуҷайраҳои асаб ва тавассути нӯгҳои асаб ба қисматҳои гуногуни гениталии занона ва мардона ҷой нагирад, берун намешавад. Ҳамаи мутахассисони пешрави дохилӣ ва хориҷӣ дар ҷамъомади декабри соли 1998, ки дар Донишгоҳи онкологии мактаби аврупоии онкологҳо ба номи Блохин (РАМН) барпо шуд, ба хулоса омаданд, ки герпес барои саломатии одам зарари хеле зиёд дорад. Донишмандони англис исбот намуданд, ки ин бемории паҳншуда метавонад саратони гарданаки бачадон ва простата, қатъи ҳомиладорӣ, маслуқии модарзод ва нуқси ҷиддии чашми тифлро ба вуҷуд орад. Дар ҳақиқат, агар баъд аз мубталошавии герпес раҳошавӣ номумкин бошад, ба духтур ҳарчӣ зудтар муроҷиат кардан зарур аст, пеш аз ҳама барои он ки ҳарчӣ барвақттар табобатро оғоз кунед, ҳамон қадар осон бемориро аз сар мегузаронед ва ҳамон қадар кам такроршавии беморӣ имконпазир аст. Бинобар ин бо пайдо шудани ҳар як шубҳа ба дерматовенеролог, гинеколог ва уролог дарҳол муроҷиат намоед. Табибони мо дар ин соҳа таҷрибаи зиёд доранд ва дар табобати ин бемории вазнин ба муваффақиятҳои хеле хуб ноил гардидаанд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Герпеси узвҳои таносул(пайванди дастнорас)
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |