Тазкирату-ш-шуаро
«Тазкирату-ш-шуаро» (форсӣ: تذكرة الشعراء) — тазкираест, ки Давлатшоҳи Самарқандӣ соли 1487 таълиф кардааст.
Унвони мақола | форсӣ: تذکرة الشعرا |
---|---|
Нависанда | Давлатшоҳи Самарқандӣ |
Забони навиштаҷот ё осор/асар | форсӣ |
Таърихи интишор | 1487 |
Бо тамҳиду наът шурӯъ мешавад. Сипас се фасле омадааст, ки дар онҳо оид ба пайдоиши нутқ, мақоми шеъру шоирӣ дар зиндагӣ, ҳасби ҳоли муаллиф сухан рафтааст. Қисми асосии «Тазкирату-ш-шуаро» аз муқаддима, ҳафт табақа (боб) ва хотима иборат аст. Муқаддима зикри 10 нафар шоирони тоисломии араб, хотима зикри ҳолоти шаш тан аз муосирони Давлатшоҳи Самарқандиро дар бар мегирад. Ҳамагӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро» оид ба 151 нафар шуарои асрҳои 13—15 форс-тоҷик, араб ва турк маълумоти адабӣ ва таърихӣ ҷо дошта, аз осори онҳо намунаҳо иқтибос шудааст. Давлатшоҳи Самарқандӣ ҳангоми таълифи «Тазкирату-ш-шуаро» аз таърихҳои мӯътабар, девонҳои устодони гузаштаву муосиронаш, рисолаву китобҳои гуногун истифода бурдааст. Аз ин ҷиҳат «Тазкирату-ш-шуаро» дар омӯзиши адабиёт ва таърихи мардуми форс-тоҷик, араб ва турк, сарфи назар аа баъзе нуқсонҳо, дар овардани санадҳои таърихӣ ва адабӣ, ки ба он нуқсонҳо олимон Маликушшуарои Баҳор, Е. Э. Бертелс ва дигарон ишора намудаанд. сарчашмаи муфид буда, аҳамияти калони адабӣ ва таърихӣ дорад. «Тазкирату-ш-шуаро» манбаи пурбаҳои осори эстетикии мардуми тоҷик низ мебошад. Давлатшоҳи Самарқандӣ зимни баёни ҳол ва эҷодиёти як силсила шоирон оид ба шеъру шоирии онҳо баъзе қайду ишораҳо намудааст ва мо маҳз ба туфайли онҳо аз таълимоти адабӣ ва завқи бадеии даври у равшантар воқиф мегардем. Махсусан, ақоиди Давлатшоҳи Самарқандӣ дар бораи қасидаи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён»-и Рӯдакӣ ҷолиби диққатанд. Давлатшоҳи Самарқандӣ баръакси гуфтаи «уқалои давр», ки шеъри Рӯдакиро «назмест содда ва аз саноеу бадоеу матонат орӣ» меномиданд, кӯшиш намудааст, ки дурустии ривояти таърихиро роҷеъ ба «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» собит ва қимати бадеии онро муайян намояд. Давлатшоҳи Самарқандӣ санъати бадеиро дар шеър инкор накарда, шеърро танҳо аз санъат ҳам иборат намедонад. Ба гуфтаи ӯ, шеър бояд «соф ва равон… ва ба табоеъ наздик», «маҳкам ва пурмаонӣ» буда, дар он «эъҷозу фасоҳат ва балоғат марғубу матлуб» бошад. Давлатшоҳи Самарқандӣ ин навъи шеърро «ашъори дилпазир ва латиф» монамад ва аз ҳамин назар ба эҷодиёти Фирдавсӣ, Манучеҳрӣ, Анварӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон баҳои сазовор додааст.
«Тазкирату-ш-шуаро» ба забони англиси (Вена, 1818, ба эҳтимоми Ҳаммер-Пургштал) ва туркӣ (Истанбул, 1843, бо номи «Сафинату-ш-шуаро», мутарҷим Сулаймони Фаҳмӣ) тарҷума шуд. «Тазкирату-ш-шуаро» дар Бамбай (1887), Лондон (1900), Теҳрон (1958) ба табъ расидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Тазкират-уш-шуаро / А. Сатторов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
- Сатторов А., Ақидаҳои адабӣ ва бадеии Давлатшоҳи Самарқандӣ, дар маҷмӯъ: Образ ва махорати бадеӣ, Душанбе, 1980.