Бодоми бухороӣ

(Тағйири масир аз Талхакбодом)

Бодоми бухороӣ (лот. Prunus bucharica), талхакбодом — як навъ бутта ё дарахти меваи худрӯй.

Бодоми бухороӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Prunus bucharica (Korsh.) B.Fedtsch. ex Rehder, 1915[1]
Мутародифот
Amygdalus bucharica Korsh. basionym
Вазъияти ҳифз

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

вироиш

Балан­диаш 6-7 м, қутри танааш 30-35 см. Пӯстлохи навдаҳояш хокистарранги тира, чокдор. Навдаҳои тарракаш пашмакдор. Баргаш дарозрӯя ё забоншакл (дарозиаш 3-6 см, бараш 2-2,5 см), пашмакдор, рангаш сабзи равшан ё ти­ра, ҷилодор. Дарозии думчааш то 3 см. Муғҷаҳояш танҳо ё 3-5-тоӣ ҷой гирифтаанд. Аз байни дарахтони мева аз ҳама пеш гул мекунад. Гулаш (3,5-4,2 см) гулобӣ ё сурхи сиёҳтоб, думчааш кӯтоҳ. Мевааш донакдор, донакаш бай­зашакли суфта, ҷӯякдор, дорчинранги ҷилодор. Мағ­заш талх, баъзан ширин; 47,40-49,19 % (бодоми ­кӯҳи Дарвоз то 55,31 %) равған, 2,0-2,3 % амигдалин дорад. Ба сабаби зиёд будани амигдалини таркибаш заҳр­нок аст (дар натиҷаи таҷзияи он кислотаи хлорид ҳосил мешавад).

Густариш

вироиш

Бодоми бухороӣ дар Помиру Олой ва Тиёншони Ғарбӣ дар баландии 800—2500 м аз с. б. мерӯяд. Бодом­зорҳо махсусан дар Тоҷикистони Марказӣ, нише­биҳои қ-кӯҳҳои Ҳи­сор, Қаротегин, Дарвоз, Пётри I паҳн гардидаанд. Масоҳ. он 18000 га (аз рӯйи баъзе маълумоти дигар 400000 га)-ро ташкил медиҳад. Бодоми бухороӣ аз донак афзоиш меёбад. Барои он заминҳои оби зеризаминиашон чуқур мувофиқанд. Дарахташ камҳосил аст (300 г, баъзан то 1,5 кг ҳосил медиҳад). Ниҳоли бодоми бухороиро барои мустаҳкам намудани ни­шебиҳо, пешгирии эрозия истифода мебаранд. Ба он бодом, шафтолу ва олуро пайванд мекунанд. Мағзи бодоми бухороиро дар тиб ва атриёт ба кор мебаранд.

  1. Rastit. Turkest. 499

Адабиёт

вироиш
  • Запрягаева В. И. Дикорастущие плодовые Таджикистана. М. — Л., 1964;
  • Запрягаева В. И. Лесные ресурсы Памиро-Алая. Л., 1976;
  • Силвандер В. Г. (ва диг.). Субтропические культуры Таджикистана. Д., 1989;
  • Гулов С. М. Боғдории субтропикӣ. Д., 1998;
  • Гулов С. М. Меваҳои гармидӯсти Тоҷикистон. Д., 2008.

Сарчашма

вироиш