Талъат Нуруллохоҷаев
Талъат Нуруллохоҷаев (Нуруллохоҷаев Талъат Фатҳуллоевич; 9 декабри 1939, Самарқанд — 21 майи 2011, Душанбе) — пизишки шикастубанд (ортопед). Номзади илмҳои тиб (1969), дотсент (1978), раиси Ҷамъияти илмии ортопедҳои Тоҷикистон(аз 1990). Ҳамсари Мунира Шаҳидӣ.
Нуруллохоҷаев Талъат Фатҳуллоевич | |
Таърихи таваллуд | 9 декабр 1939 |
Зодгоҳ | Самарқанд, ҶШС Узбакистон |
Таърихи даргузашт | 21 май 2011 (71 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишТалъат Нуруллохоҷаев 9декабри соли 1939, дар гузари Қозикалони шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Дастпарвари мактаби миёнаи № 21 шаҳри Самарқанд (1957). Факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст (1963). Ординатори клиникӣ (1963—1965), аспирант (1965—1968) ва ассистенти кафедраи осебшиносии ортопедӣ ва ҷарроҳии ҳарбии саҳроии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (1968—1988), ходими илмии Институти тиббии 1-уми Маскав (1977—1979), дотсент(1979—1984) ва мудири кафедраи осебшиносии ортопедӣ ва ҷарроҳии ҳарбии саҳроии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (1984—1992).
Фаъолияти илмӣ
вироишДар мавзӯи «Табобати ортопедии оқибатҳои сӯхтагии кафи по» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Муалифи қариб 100 таълифоти илмӣ. Чандин сол дар табобатхонаҳои давлати араб ифои вазифа кардааст (1992—2002).[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, — с. 97.