Тамара Кокова
Тамара Кокова (Кокова Тамара Акашевна; тав. 15 марти 1934, Налчик, РСФСР, ИҶШС) — ҳунарпешаи шӯравӣ ва рус. Ҳунарпешаи шоистаи РСФСР (1971).
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Кокова Тамара Акашевна |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 15 март 1934 (90 сол) |
Зодгоҳ: | Налчик, РСФСР |
Шаҳрвандӣ: | Иттиҳоди Шӯравӣ→ Русия |
Касб: | ҳунарпеша |
Ҷоизаҳо: |
Зиндагинома
вироишТамара Кокова 15 марти соли 1934 дар шаҳри Налчик, пойтахти Кабардино-Балқар (Русия) ба дунё омадааст. Соли 1958 Донишкадаи давлатии театрии ба номи А. В. Луначарскийро хатм карда, солҳои 1959—1961 ҳунарпешаи киностудии «Грузия-фильм» ва театр-студияи Гурҷистон буд.
Соли 1960 аввалин маротиба ба Киностудияи «Тоҷикфилм» даъват шуда, ҳамин тавр дар солҳои гуногун дар 4 филми дигари тоҷикӣ нақшофарӣ мекунад. Масалан: филмҳои «Зумрад» (1961), «Зери хокистари сӯзон» (1967), «Рояли сафед» (1968), "Духтари сеюм (1970), «Бросок» (1981) ба иштироки Тамара Кокова дар «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шуданд[1].
Тамара ҳамагӣ дар 20 филм нақш офаридааст. Охирин нақши офаридааш соли 1991 мебошад.
Соли 1975 Кокова ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, ҷароҳати ҷиддӣ мебинад. Пас аз ҷарроҳиҳои зиёд дигар наметавонад ба синамои ҳирфаӣ баргардад. Ба иҷрои нақшҳои хурд, садопешагӣ машғул буда ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ-фарҳангии Русия саҳми калон дорад.
Дар Маскав зиндагӣ дорад. Шавҳар — адвокат Марк Вознесенский. Духтараш Марям — филолог, номзади илм.
Ҷоизаҳо
вироишТамара Кокова дар ҷашнвораи умумииттифоқии кино дар Масква ба ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона» барои нақши Фотима, ки замони донишҷӯияш офарида буд, сарфароз гардидааст. Ҳамчунин, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи РСФСР мебошад[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Саида ҚУРБОНОВА. Зумрадро аз Русия даъват карда буданд. «Бонувони Тоҷикистон» (21 ноябри 2011).
Адабиёт
вироиш- Кино: Энциклопедический словарь / Гл. ред. С. И. Юткевич; Редкол. Ю. С. Афанасьев, В. Е. Баскаков, И. В. Вайсфельд и др. — М.: Советская энциклопедия, 1987. — С. 206. — 640 с. — 100 000 экз.
Пайвандҳо
вироиш- Кокова Тамара(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database
- Хагарова, Джамиля. Начало Тамары Коковой. РИА "Кабардино-Балкария" (18 феврали 2015). 17 октябри 2016 санҷида шуд.