Таппак
Таппак, тапӣ — саргини хушконидашудаи чорво[1], ки ҳамчун сӯзишворӣ истифода мешавад (масалан, барои сӯхтан дар танӯр, барои гармкунӣ ё пухтупаз).
Сӯзишворӣ дар рустоҳои Тоҷикистон
вироишТаппакро мардум маъмулан дар рустоҳо аз саргин ё порӯи ҳайвоноти аҳлӣ, аз ҷумла гов, таҳия ва дар зимистон хонаҳои худро бо оташи он гарм мекунанд[2]. Ба навиштаи гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ, 70 дарсади аҳолии деҳоти Тоҷикистон дар сардтарин фаслҳои сол барқ надоранд ва барои гарм кардани хонаҳо ва омода кардани ғизо асосан аз се навъи сӯзишворӣ: тапак, ғӯзапоя ва ангишт истифода мекунанд[3].
Нигористон
вироиш-
Саргини нави гов
-
Сабади муғулӣ барои ҷамъоварии таппак
-
Поруи гов барои сӯзишворӣ дар Ҳиндустон хушк карда мешавад
Эзоҳ
вироиш- ↑ тапӣ - это... Что такое тапӣ?(рус.), Словари и энциклопедии на Академике. Проверено 6 октябри 2017.
- ↑ BBC Тоҷикӣ - Ахбор - Ёвон: Ҷамъоварии таппак барои гарм доштани макотиб дар зимистон(тоҷ.). www.bbc.co.uk. 6 октябри 2017 санҷида шуд.
- ↑ Бонки Ҷаҳонӣ: "Тапак беҳтарин сӯзишвории тоҷикист"(тоҷ.). 6 октябри 2017 санҷида шуд.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |