Тарман Шанмугаратнам
Тарман Шанмугаратнам ( 25 феврали 1957 ) — Арбоби давлатӣ ва иқтисодчии сингапурӣ, президенти кунунии Сингапур аз 14 сентябри соли 2023. Тарман то интихоб шуданаш ба мақоми президент, аз соли 2019 то соли 2023 вазири аршади Сингапур, аз соли 2015 то 2023 вазири ҳамоҳангсози сиёсати иҷтимоӣ ва аз соли 2011 то 2023 раиси Идораи асъории Сингапур буд.
там. தர்மன் சண்முகரத்தினம் | |
аз 14 сентябр 2023 | |
Пешгузашта | Ҳалима Яъқуб |
Таваллуд |
22 январ 1957 (67 сол) |
Падар | Kanagaratnam Shanmugaratnam[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | Ҳиндуия |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Ҷойҳои кор | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Тарман ҳоло раиси Шӯрои сарпарастони Гурӯҳи Сиюпанҷ, як шӯрои ҷаҳонии пешвоёни иқтисодӣ ва молиявии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ва академиро бар ӯҳда дорад. Аз соли 2021 вай инчунин раиси мустақили сатҳи баланди G20 оид ба маблағгузории глобалӣ барои омодагӣ ва вокуниш ба пандемия мебошад.
Тарман инчунин аз соли 2011 то 2014 Кумитаи Байналмилалии Асъор ва Молия (IMFC), кумитаи сиёсати машваратии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА)-ро бар ӯҳда дошт ва аввалин раиси он аз минтақаи Осиё буд.
Интихоботи президентӣ
вироиш8 июни соли 2023 Тарман нияти ширкат дар интихоботи президентии соли 2023 ва истеъфои ба нақша гирифтаашро дар 7 июли соли 2023 аз тамоми вазифаҳои худ дар ҳукумат ва узви Ҳизби амали мардумӣ эълон кард, зеро президент бояд шахси ғайриҳизбӣ бошад. [1]
2 сентябри соли 2023 Тарман 70,40 % овоз гирифт ва ғолиби интихобот эълон карда шуд. Тарман нӯҳумин президенти Сингапур интихоб шуд. Вай аввалин номзади ғайри чинитабор аст, ки дар рақобати интихоботи сарвари давлат, дар Сингапур пирӯз шуд. [2] Натиҷаи ӯ (70.40 % овози интихобкунандагон) дар таърихи интихоботи президентӣ дар Сингапур баландтарин гардидаст.
Маросими савгандёдкунии Тарман 14 сентябри соли 2023 дар кохи прзидентии Истан баргузор гардид [3] .
Эзоҳ
вироиш- ↑ Goh. SM Tharman to run for president, will resign from Govt and PAP on July 7(англ.). The Straits Times (8 червня 2023). 8 червня 2023 санҷида шуд.
- ↑ Wong. Tharman Shanmugaratnam: Singapore picks a president who could've been much more. BBC News (1 вересня 2023). — «Хоча не-китайці ставали президентами Сингапуру у минулому, пан Тарман — перший переможкць загальних виборів.» 1 вересня 2023 санҷида шуд.
- ↑ Correspondent. Tharman sworn in as S’pore’s 9th president, reiterates plans to unite nation(англ.), The Straits Times (14 September 2023). Проверено 15 сентябри 2023.