Тасвири изометрӣ, проексияи изометрӣ — навъи проексияи аксонометрие, ки дар он ҳангоми тасвири объекти себуъдӣ зарибҳои таҳриф (нисбати дарозии порчаи проексияшуда ба ҳамвории ба меҳвари тири координата мувозӣ ба дарозии ҳақиқии порча) дар ҳар се меҳвар ба ҳам баробаранд.

Проексияҳои изометрӣ чун проексияҳои аксонометрӣ ба росткунҷа (ортогоналӣ) ва каҷкунҷа ҷудо мешаванд. Мувофиқи стандартҳое, ки дар давлати шӯравӣ қабул шуда буданд, дар проексияи изометрии росткунҷа меҳварҳои аксонометрӣ байни ҳам кунҷҳои баробар (120°)-ро ташкил медиҳанд (расми 1а). Меҳвари Z амудӣ (рост) ҷойгир аст. Зарибҳои таҳриф k = m = n = 0.82 мебошанд, вале барои таҳияи тасвирҳо зариби таҳрифро баробари 1 мегиранд, ки дар натиҷа андозаҳои хаттӣ ба 1,22 баробар мешаванд.

Дар проексияи изометрии фронталӣ (ҷабҳавӣ)-и каҷкунҷа кунҷи байни меҳварҳои Х ва Z ба 90°, меҳвари У ба 135° (120° ё 150° низ) моил ба меҳвари Z ҷойгир аст (расми 1б). Проексияи изометрии ҷабҳавӣ ба меҳварҳои Х, У ва Z бетаҳриф анҷом дода мешавад. Дар проексияи изометрии уфуқии каҷкунҷа меҳвари Z амудӣ аст. Кунҷи байни меҳварҳои Х ва У ба 120° (135° ё 150° низ) ва кунҷи байни меҳварҳои Х ва У ба 90° баробаранд (расми 1в). Проексияи изометрии уфуқӣ ба меҳварҳои Х, У ва Z бетаҳриф иҷро карда мешавад. Дар расми 2 проексияҳои изометрии росткунҷа, ҷабҳавӣ ва уфуқии кубҳо, ки дар рӯяҳои онҳо давраҳо ҷойгиранд, акс ёфтаанд.

Проексияҳои изометрӣ дар нақшакашии мошинсозӣ, системаҳои лоиҳакашии автоматикунондашуда ҳангоми сохтани тасвири аёни ҷузъҳои техникӣ, объектҳои себуъдӣ (3D) ва манзараҳо барои бозиҳои компютерӣ истифода мешаванд.

Адабиёт

вироиш