Аксонометрия (аз юн.-қад. ἄξων «меҳвар» + μετρέω «чен мекунам») — фасли геометрияи тасвирӣ, ки инъикоси шаклҳои геометриявиро якҷоя бо системаи координатаҳо (ҳамвориҳои байнан амудии П1, П2 ва П3) меомӯзад. Барои сохтани проексияҳои аксонометрӣ, ягон шаклро (масалан, бисёррӯяи Ф) якҷоя бо системаи координатаҳо ба ҳамвории аксонометрии П1, ки ба меҳварҳои аслӣ (x, y, z) моил мебошад, проексия мекунанд (нигар Геометрияи тасвирӣ). Дар ҳамвории П1 проексияи аксонометрӣ ё мухтасар аксони бисёррӯя пайдо мешавад, ки дар он ҳамаи теғаю рӯяҳои шакл бо таҳриф инъикос ёфта, дар бораи шакли ҳаҷмдор ва сечена будани ашё тасаввуроти пурра медиҳад (расми 1). Проексияҳои аксонометриро вобаста ба самти проексиясозӣ ба марказӣ ва мувозӣ (параллелӣ) ҷудо мекунанд. Агар шуоъҳои проексиякунанда ба ҳамвории П1 амудӣ бошанд, проексияҳои мувозиро ортогоналӣ (росткунҷа) меноманд. Вобаста ба тамоюли ҳамвории аксонометрӣ П1 ба меҳварҳои аслӣ x, y ва z аксонро ба изометрӣ (нишондиҳандаҳои таҳриф дар ҳамаи се меҳвар баробаранд: m=n=k), диметрӣ (агар нишондиҳанда дар яке аз меҳварҳо дигар, одатан n/2 бошад) ва диметрияи фронталӣ (агар П1 ба ҳамвории П2 мувозӣ бошад), ҷудо мекунанд (расми 2). Баъзе ороишҳои китобҳои адибони адабиёти классикии форсу тоҷик Фирдавсӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ ва ҳуҷҷатҳои сулолаи темуриён ба проексияҳои диметрии фронталӣ хеле наздиканд (масалан, айвонча дар «Гулистон»-и Саъдӣ).

Сарчашма

вироиш