Тафсири Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳимов М.З. Тафсири Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Қисми III) – Душанбе, 2011. – 567с.

Китоби тозанашри Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тафсири Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми сеюм)» зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор М.З. Раҳимов ва ҳайати муаллифон барои кормандони мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, донишҷуёни факултети ҳуқуқшиносӣ ва доираи васеи хонандагон таҳия шуда, дар он масъалаҳо оид ба қонунгузории гражданӣ оид ба моликияти зеҳнӣ, мерос ва ҳуқуқӣ байнахалқии хусусӣ бо назардошти талаботи қонунгузории амалкунанда ва таҷрибаи судӣ мавриди шарҳ қарор дода шудааст. Дар сарсухани китоби зикршуда аз ҷумла қайд карда шудааст, ки қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2005 қабул шудааст. Бо қабули қисми мазкур бо таври куллӣ мазмуни муносибатҳо оид ба моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи меросӣ, муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ва ҳуқуқи граждании дорои унсури хориҷидошта дигаргун гардида, дар ин раванд як қатор қонунҳои соҳавӣ қабул карда шуд, ки танзими муносибатҳои зикршударо таъмин менамояд ва ҳамзамон зарурат ба тафсирро доранд. Дар китоб масълаҳои вобаста ба моликияти зеҳнӣ тафсир шудаанд, зеро айни ҳол ба масъалаҳои мазкур, ҳангоми ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо ва рушди ҳукумати электронӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ҳифзи ҳуқуқҳои шахсии эҷодкорон ва ҳуқуқҳои молумулкии онҳо, дар шароити иқтисоди бозорӣ истифода бурдани дастовардҳои илмию эҷодӣ ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ бо таври васеъ шарҳ дода шудааст.

Фасли дигари китоб тафсири масъалаҳои вобаста ба меросро дар бар мегирад. Имрўзҳо баробари масоили дигар соҳаҳо масъалаҳо доир ба мерос дар таҷриба бинобар рушди муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ зиёд шуда истодаанд. Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки на ҳамавақт ҳуқуқҳои меросхӯрон риоя мегардад, зеро савияи дониши ҳуқуқии мардум доир ба ин масъала коста мебошад. Масъалаҳои тартиби васиятнома додан, иҷрои васиятнома, муҳлати кушода шудани мерос, навбати меросхӯрон, қабул ва даст кашидан аз мерос, ҳифзи амволи меросӣ ва дигар масъалаҳои муҳим доир ба мерос дар китоби мазкур таҳлил ва тафсир шудааст. Дар фасли дигари китоб бошад ба масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ тафсир дода шудааст, ки масъалаҳои мазкур дар раванди ҷаҳонишавӣ, муомилоти байналмилалӣ ва муносибатҳои сармоягузорӣ ниҳоят муҳим мебошанд.

Дар қисмати дигари тафсир муаллифон хусусан ба муносибатҳои шартномавии байни соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ, ҳифзи ҳуқуқии онҳо, муайян намудани қонунгузории татбиқшаванда дар муносибатҳои байналмилалии хусусӣ ва дигар масъалаҳои зарурӣ изҳори ақида намудаан. [1]

Нигаред низ

вироиш

Пайвандҳо

вироиш