Ташхис (санъати бадеӣ)
Ба ҳайвонҳо,парандагон, наботот, ҷамодот, ҷирмҳои осмонӣ ва ғайра эҳсосот ва хислатҳои инсонӣ нисбат дода, онҳоро дар миёни худ ва ё бо инсон гап занондан ташхис номида мешавад. Дар асарҳои классикӣ намунаи ин гуна осор бисёр аст, ҳамчун «Калила ва Димна», «Тӯтинома», «Мантиқ-ут-тайр» - Фариддудин Аттор, «Ҳайвонотнома» - Сайидо, «Се қатра» - и Лоҳутӣ ва ғайра.
Гул гуфт, ки Ман Юсуфи Мисри чаманам, Ёқути гаронмояи пурзар даҳанам. Гуфтам: Чу ту Юсуфӣ, нишоне бинмой! Гуфто, ки: Ба хун ғарқ нигар пираҳанам. |
Сарчашма
вироишЗеҳнӣ Т.Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ. Душанбе:Нашрдавтоҷ,1960.-с.105