«Таърихи Байҳақ» (форсӣ: تاریخ بیهق‎‎‎) — асари таърихии амунаҷҷим ва муаррих Ибни Фундуқ, ки ба таърихи шаҳри Байҳақ (ҳоло шаҳри Сабзавор), шарҳи ҳоли ашхоси номдори он бахшида шудааст.

Таърихи Байҳақ
Мавзӯъи аслӣ таърих
Нависанда Заҳируддини Байҳақӣ

«Таърихи Байҳақ» соли 1168 ба забони форсӣ таълиф шудааст. «Таърихи Байҳақ» барои омӯхтани воқеа ва ҳодисаҳои давраи ҳукмронии Салҷуқиён, хусусан таърихи шаҳри Байҳақ маъхази муътабаре мебошад. «Таърихи Байҳақ» бо сабки басо душвор навишта шудааст.

Нашрҳо

вироиш

«Таърихи Байҳақ» солҳои 1938 ва 1966 дар Теҳрон нашр гардидааст.