Таърихи Бухоро (китоб)

китоби таърихӣ

«Таърихи Бухоро» (форсӣ: تاریخ بخارا‎, «Ахбори Бухоро» форсӣ: اخبار بخارا‎), «Таърихи Наршахӣ» — асари таърихӣ, таълифи Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар Наршахӣ ба забони арабӣ (943—944).

Таърихи Бухоро
Унвони мақола ар. تاریخ بخارا
Нависанда Абубакри Наршахӣ
Забони навиштаҷот ё осор/асар арабӣ
Таърихи интишор 943

Таърих

вироиш

«Таърихи Бухоро» борҳо аз тарафи котибон рӯйбардор шудааст. Муаллифи он Абӯбакр Муҳаммад бинни Ҷаъфар ан-Наршахӣ дар Наршах ном деҳаи назди Бухоро ба дунё омада, дар асри Х дар дарбори Сомониён ҳаёт ба сар бурдааст.

«Таърихи Бухоро» ба забони арабӣ солҳои 943—944 (аз рӯи дигар маълумотҳо 948—949) таълиф шудааст ва якчанд маротиба таҳрир карда шудааст. Соли 1128 Абунасри Қубовӣ асари Абӯбакр Наршахиро ба забони форсӣ гардонидааст. Баъд аз ним аср Муҳаммад ибни Зуфар ин асарро таҳрир кардааст. Бори охир «Таърихи Бухоро» дар асри XIII таҳрир карда шудааст.

Назар ба маълумоте, ки дар сарсухани китоб оварда шудааст, Наршахӣ асарашро дар солҳои 943—944 навишта ба амири замон, Абӯмуҳаммад Нӯҳ бинни Наср бинни Аҳмад бинни Исмоил Сомонӣ пешкаш намудааст.

Бори нахуст ба алифбои кирилии тоҷикӣ китоби Абубакр Муҳаммад бинни Ҷаъфар Наршахӣ. Таърихи Бухоро. — Душанбе: Дониш, 1979 нашр шудааст.

Адабиёт

вироиш