Таърихи Рашидӣ
«Таърихи Рашидӣ» (форсӣ: تاریخ رشیدی) — асари Мирзомуҳамад Ҳайдар, ки таърихи Кошғар, Ҳафтрӯд, қисман Мовароуннаҳр ва Афғонистонро дар бар мегирад.
Таърихи таъсис | асри XV |
---|---|
Унвони мақола | форсӣ: تاریخ رشیدی |
Мавзӯъи аслӣ | таърихи Осиёи Марказӣ[d] |
Нависанда | Мирзо Муҳаммад Ҳайдари Дуғлот |
Кишвари созанда | |
Забони навиштаҷот ё осор/асар | форсӣ |
Ҳаққи таксир | 🅮[d] |
«Таърихи Рашидӣ» ба забони форсӣ навишта шуда, аз 2 қисм (дафтар) иборат аст. Дар қисми якум таърихи Муғулистону Кошғар дар миёнаҳои асрҳои 14—16 ва дар қисми дуюм воқеаҳои муҳими сиёсии солҳои 1609—1651 дар Мовароуннаҳр, Кошғар, Афғонистон, ки худи муаллиф шоҳиди онҳо буд, тасвир ёфтаанд. Дар «Таърихи Рашидӣ» таъсиси хони Қазон, сабабҳои барҳам хӯрдани давлати ӯзбекҳои бодиянишин зикр ёфта, инчунин дар бораи ҳукуматдорони узбекҳои бодиянишпн ва Муғулистон (асри 16), муносибати муғулу қалмоқҳо ва Кошғару Бадахшон маълумот ҳаст. Солҳои 1849—1850 «Таърихи Рашидӣ»-ро Муҳаммадсодиқ ба забони уйғурӣ, 1895—1898 Денисон Росс ба забони англисӣ тарҷума кардаанд. Баъзе қисмҳои «Таърихи Рашидӣ» ба забонҳои русӣ, франсавӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ низ тарҷума шудаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Таърихи Рашидӣӣ / А. Валиев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).