Унсури холии Викидода

«Таърихи Фаришта» (форсӣ: تأریخ فرشته‎) — китоби навиштаи Муҳаммадқосими Фаришта дар бораи торихи умумӣ ва ҷуғрофиёи Ҳиндустону ба забони форсӣ аст.

Дар сарчашмаҳо бо унвони «Гулшани Иброҳимӣ» низ омадааст. Тафсилоти ҷараёни зиндагии муаллифаш маълум нест. Аз рӯи баъзе маълумотҳо тақрибан соли 1552 дар шаҳри Астаробод (Эрон) таваллуд шуда, дар овони бачагӣ бо падараш Ғуломалии Ҳиндушоҳ ба Ҳиндустон рафтааст. Минбаъд дар дарбори ҳокимони музофоти гуногуни Ҳиндустон хидмат карда, соли 1623—1624 фавтидааст.

«Таърихи Фаришта»-ро солҳои 1606—1607 дар Биҷопур навиштааст. Маълумоти муҳимми таърихӣ ва тасвироти ҷуғрофиёии шаҳрҳои Ҳиндро дар асоси мушоҳидаҳои худ ва ахбороти муосиронаш додааст. Асар марбут ба таърихи умумии садаҳои миёнаи Ҳиндустон буда, аз муқаддима, дувоздаҳ мақола ва хотима иборат аст. Дар «Таърихи Фаришта» дину оинҳои гуногуни ҳиндувон, ҷараёни таърихии ҷоришавии дини ислом дар Ҳиндустон инъикос ёфтааст. Қисме аз «Таърихи Фаришта» ба таборшиносии сулолаҳои ҳокимони кишвар бахшида шудааст. «Таърихи Фаришта» дар бораи таърихи умумӣ ва ҷуғрофиёи Ҳиндустони давраи исломӣ сарчашмаи муҳим аст.

«Таърихи Фаришта» дар кишварҳои Шарқ ҳамчун асари барҷастаи таърихшиносии асрҳои миёнаи форс-тоҷик машҳур гашта, соли 1831 дар Мумбай, 1864—1865 дар Лакҳнав, 1873—1874 дар Канпур чоп шудааст.