«Таърихи Яминӣ» (форсӣ: تاریخ یمینی)‎) — асари Абӯнасри Утбӣ, ки солҳои 1020 —21 ба забони арабӣ таълиф шудааст.

Таърихи Яминӣ
Забони навиштаҷот ё осор/асар арабӣ

Ин асар ба Яминуддавла — султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва падари ӯ Сабуктегин бахшида шудааст ва барои ҳамин ҳам «Таърихи Яминӣ» унвон гирифтааст. Мавзӯъи асосии «Таърихи Яминӣ» воқеа ва рӯйдодҳои таърихи давраи Ғазнавиён аст. Муаллиф номи шоҳону амирон, муншиён ва ҷузъиёти ҳаёти онҳоро ба тафсил зикр мекунад, фармону мукотибаи онҳоро айнан меорад. Соли 1206 Абӯшараф Носеҳ ибнни Зафар ибни Саъдулмуншии Ҷурфудқонӣ «Таърихи Яминӣ»-ро ба тоҷикӣ тарҷума карда, ба он боис бо номи «Хотима» илова намудааст, ки воқеаҳои солҳои 1186—1207-ро дар бар мегирад. Олим ва донишманди фороизабони Ҳинд Муҳаммад Кароматалӣ ибни Ҳайаталии Деҳлавӣ соли 1843, Мавлавӣ Муҳаммад Фазл Имоми Хайрободӣ солҳои 1820 —25, Абдулкарими Аҳарӣ солҳон 1845 —46 «Таърихи Яминӣ»-ро ба забонн форсӣ-тоҷикӣ тарҷума кардаанд. «Таърихи Яминӣ» барои омӯхтани таърихи давраи Ғазнавиён яке аз маъхазҳои муҳимтарин мебошад.

Матни арабии «Таърихи Яминӣ» соли 1847 дар Деҳлӣ, соли 1870 дар Қоҳира, соли 1883 дар Лоҳур ва матни форсии он солҳои 1855, 1956, 1966 дар Теҳрон, соли 1900 дар Табрез нашр ва ба забони англисӣ тарҷума шудааст

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Таърихи Яминӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).