Таърихи почта ва маркаҳои почтавии Тоҷикистон
Таърихи почта ва маркаҳои почтавии Тоҷикистон ду давраи рушди алоқа тариқи почтаро дар бар мегирад, ки аз давраҳои шӯравӣ ва соҳибистиқлолӣ иборат аст.

Даврони шӯравӣВироиш
Дар Тоҷикистон барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ алоқаи почта тамоми ҳудуди мамлакатро фаро гирифта буд, то замони соҳибистқлолӣ маркаҳои марбут ба таъриху фарҳанг, иншооти ҷуғрофӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар ҳам дар маркаҳои алоҳида ва ҳам дар силсилаи маркаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ нашр шудаанд[1].
- Мавзуъҳои Тоҷикистон дар баъзе маркаҳои почтавии ИҶШС
1957: ҶШС Тоҷикистон. Колхозничизан (ЦФА [ИТЦ «Марка»] № 2088)
1958: Садриддин Айнӣ(ЦФА [ИТЦ «Марка»] № 2177)
1959: Осиёи Миёна, кӯли Искандаркӯл(ЦФА [ИТЦ «Марка»] № 2385)
Даврони истиқлолВироиш
Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ соҳаи алоқа зарари зиёд дид. Вазорати алоқаи ҷумҳурӣ барои баровардани маркаҳои почта кӯшид. Дар натиҷа моҳи майи соли 1992 аввалин маркаи почтавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуд. Бо мақсади минбаъд ба танзим даровардани ин соҳа моҳи октябри соли 2001 ташкилоти ягонаи давлатии «Маркази марка»-ро ташкил намуданд. Дар натиҷа дар ҷумҳурӣ то аввали соли 2006 қариб 400 намуди маркаҳои почтавӣ бароварда шуданд, ки онҳо соҳаҳои гуногуни мамлакат: фарҳанг, илм, саноат ва ғайраро инъикос менамуданд[2].
- Баъзе аз мавзуъҳои маркаҳои почтавии Тоҷикистон дар солҳои 1992—2009
ПайвандҳоВироиш
ЭзоҳВироиш
- ↑ Маркаҳои Тоҷикистон: аз Садриддин Айнӣ то Бразилия-2016(тоҷ.), ASIA-Plus. Проверено 15 феврали 2018.
- ↑ Очеркҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол. — Д.: «Дониш», 2016. — С. 206. — 463 с.