«Таърихи Ҳумоюн» — асари Мулло Муҳаммадсодиқи Гулшанӣ, ки соли 1909—1910 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст.

«Таърихи Ҳумоюн» ба давраи ҳукмронии амири Бухоро — Абдулаҳадхон оид аст. Дар асар инчунии маълумоти мухтасари таърихию ҷуғрофӣ ва домографӣ оид ба аморати Бухоро ва вилоятҳои он то охири асри 19 ҷамъ оварда шудааст. «Таърихи Ҳумоюн» аз ҳашт мақола (боб) ва як боби алоҳида иборат аст: «Аёлоти Бухорои шариф», «Аёлоти миёнкол», «Аёлоти Лаби об», «Аёлоти Қаршӣ ва Ғузор», «Аёлоти Шаҳрисабз», «Аёлоти Ҳисор», «Аёлоти Хуталон», «Аёлоти Қаротегин», «Ҳукумати Дарвоз тавобеи Ғарм». Ҳар боби он аз тавсифи мавқеи ҷуғрофии вилоят оғоз ёфта, аз манбаъҳои сарватҳои табиат, машғулияти мардум, хоҷагии маҳал маълумоти муҳим медихад.

Дар охири асар маълумоти хеле нодири демографӣ оид ба миқдори хонавода ва аҳолии вилояти Бухоро ва вилоятҳои тобеи он оварда шудааст. «Таърихи Ҳумоюн.» дар омӯхтани таърих, география, этнография, демографил ва хоҷагидории мардуми Осиёи Миёна ва хусусан Тоҷикистони охири асри 19 ва аввали асри 20 аҳамияти калон дорад. Як нусхан «Таърихи Ҳумоюн» дар ганҷинаи дастхатҳои Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон махфуз аст.

Адабиёт

вироиш
  • Таърихи Ҳумоюн / Д. Саидмуродов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).