Тағоймурод Хушвақт

Тағоймурод Хушвақт (Тағоймурод Хушвахтов, маъруф ба Қории Ёвонӣ; 2 апрели 1949, ноҳияи Ёвон — 11 майи 2002, ҳамон ҷо) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1998), Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1991).

Тағоймурод Хушвақт
Таърихи таваллуд 2 апрел 1949(1949-04-02)
Зодгоҳ ноҳияи Ёвон, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 11 май 2002(2002-05-11) (53 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1998)

Зиндагинома

вироиш

Тағоймурод Хушвақт 2 апрели соли 1949 дар ноҳияи Ёвон аз модар нобино ба дунё омадааст[1]. Нобиноӣ дар ниҳодаш қувваи истеъдоду нерӯи ҳофиза афзун сохт, дили бино, ақлу шуур, дарку эҳсоси баланди мусиқӣ дошт. Ангуштони панҷааш зеру бами тору рубоб, ғиҷҷаку сеторро ба навозиш оварда, оҳангро тавлид менамуданд. Ӯ ба касе тақлид намекард, балки дигарон тақлидаш менамуданд[2].

Қории Ёвонӣ солҳои 1970—1990 бо сароидани таронаҳои мардумӣ ва мазҳабӣ бештар шуҳрат ёфт. Дар он давра таронаҳои ӯ пайваста аз радиову телевизион пахш мешуданд. Тағоймурод Хушвахтов дар ҳамин давра дар фестивали мусиқии «Фаҷр» дар Эрон иштирок кард ва борҳо ба Афғонистон ва кишварҳои дигари минтақа сафарҳои ҳунарӣ дошт[1].

Таронаҳо

вироиш

Мероси ҳунарии сабтшудаи Тағоймурод Хушвахтов зиёда аз 600 таронаро дар бар мегирад[1]. «Шамси ман», «Гардиши айём», «Чароғи анҷуман», «Ту садбарги кадом боғӣ», «Чашми ман», «Кошонаи хаёл», «Афсун кунам», «Хуршеди ҷамол», «Навҳаи Кова», «Зулфи анбар», «Тамошо кун», «Ба сомон намеравад», «Печии он зулф», «Доғи ту», «Эй фалак», «Манол, эй андалеб», «Ранҷидаӣ», «Айб макун», «Нолаи модар» аз беҳтарин таронаҳояш мебошанд.

Даргузашт

вироиш

Тағоймурод Хушвахтов 11 майи соли 2002 бар асари сактаи дил даргузашт.

Некдошт

вироиш

Барои поси хотири ин овозхон, соли 2005 Кохи фарҳангу ҳунари ноҳияи Ёвонро ба номи Тағоймурод Хушвахтов гузоштанд ва соли 2006 нимпайкараи ӯ дар назди ин Кох насб гардид[1]. Дар ноҳияи Ёвон ҳамасола маросими ёдбуди Қории Ёвонӣ дар доираи ёрону наздикон ва ҳаводорони таронаҳояш баргузор мешавад.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Орзуи Карим. Қории Ёвонӣ, овозхоне ки дили бино дошт(тоҷ.), Радиои Озодӣ (13 августи 2015). Проверено 25 сентябри 2023.
  2. Тағоймурод Хушвақтов. falak.tj. ФАЛАК (23 ноябри 2019). 25 сентябри 2023 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  • Абдуллоева С. Чашми дил, Д., 2009.