Ноҳияи Ёвон
Ноҳияи Ёвон | |
---|---|
Донистаниҳо | |
Кишвар : | Тоҷикистон |
Вилоят : | Хатлон |
Марказ: | Ёвон |
Замони таъсис : | 11 июни 1934 |
Раиси ноҳия: | Шарифӣ Бахтиёр
Маҳмудзода (аз 2023)[1] |
Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
Паҳноварӣ : | 976,2 км² |
Шумораи шаҳракҳо : | 2 |
Шумораи ҷамоатҳо : | 7 |
Мардум | |
Аҳолӣ (2022) : | 248,1 ҳаз. кас[2] |
Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ |
Мазҳаб : | ҳанафӣ |
Нишониҳо | |
Сарвожа : | JA |
Код ISO : | TJ.KL.JA |
Пешшумора : | +992 3141 |
Нишонии почта : | 735310 |
Замон : | UTC+5 |
Вебгоҳ : | .tj |
Шумораи мошинҳо : | 03РТ |
Ноҳияи Ёвон (форсӣ: ناحیۀ یاوان) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар бахши марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ин ноҳия 11 июни соли 1934[3] дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст[4].
Маркази ин ноҳия шаҳраки Ёвон (форсӣ: یاوان) аст, ки дар канори рӯди Ёвонрӯд, 54 км ҷанубу шарқтар аз Душанбе ва 88 км шимолтар аз Қурғонтеппа ҷой дорад.
Ёвон - мувофики маъхазҳои таърихи номи 10-умин фарзанди Одам будааст. Тадқиқотҳои бостоншиносон нишон додаст, ки дар ин сарзамин дар асри санг бошишгоҳои одамони қадим мавҷуд буд. Дар фарҳангномаҳо бошад, мафҳуми Ёвонро биёбон шарҳ додаанд, ки ишора ба ҳамвории замини он аст.
Ҷойгоҳ
вироишНоҳияи Ёвон бо сарзамине 976,2 км² дар дараи рӯди Вахш ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар шарқ — бо ноҳияҳои Норак ва Данғара, дар ғарбу ҷануб — бо ноҳияҳои Хуросон ва Ҷомӣ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамсоя аст. Аслан ин минтақа, ноҳияи аграрӣ буда, ба соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ ва ба дигар соҳаҳо шуғл меварзанд.
Иқлим
вироишИқлими ноҳия суптропикии хушк, тобистон гарм, зимистон мӯътадил мебошад. Ҳарорати миёнаи моҳи январ 4,0 с, июл 30,8 с. аст. Миқдори бориши солона (асосан зимистону баҳор) 683-700 мм. мебошад. Хокаш асосан хокистарӣ ҳарҷо-ҳарҷо шӯрхок, хоки канорҳои ҷанубии водӣ – хокистарии сафедтоб, қисмҳои марказию ҷанубиаш – хокистарии муқаррарӣ, қисми шимолии он – хокистарии тира, ҳарҷо-ҳарҷо хоки шӯр мебошад. Дар даштҳо рустаниҳои биёбонӣ, янтоқ, шӯра, ҷорубак, яшон ва ғайра мерӯянд. Аз ҳайвонҳо асп, гов, гӯсфанд, буз, гург, рӯбоҳ, харгӯш, саг, гурба, хар, хук ва ғайра, аз хазандаҳо мор, калтакалос, сангпушт ва аз парандаҳо кабк, бедона, фароштурук, гунҷишк, бум, булбул, майна ва дигар намудҳои парандаву хазандаҳо вомехӯранд.
Таърих
вироишСарзамини кунунии ноҳияи Ёвон дар садаҳои асри миёна бахше аз вилояти таърихии Хутталон буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Ёвон бахше аз вилояти Сталинобод гардид. Ноҳияи Ёвон дар ҳайати ҶШС Тоҷикистон 11 июни 1934 таъсис ёфта буд.
Мардум
вироишБино бар саршумори соли 2016 аҳолии ноҳия 210,4 ҳаз. тан бошанда доштааст.[5]. Мардуми ноҳия ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.
Сол | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
243,2 | 248,1 |
Бахшбандӣ
вироишБар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ёвон 2 шаҳрак ва 7 ҷамоат[6] дорад:
Ҷамоат | Аҳолӣ |
---|---|
Ёвон, шаҳрак | 20 209 |
Ҳаёти нав, шаҳрак | 2 243 |
Даҳана | 12 744 |
Гулсара Юсуфова | 15250 |
Норин | 14 440 |
Обшорон | 19 347 |
Ҳасан Ҳусейнов | 17 505 |
Ситораи Сурх | 13 677 |
Чоргул | 10 631 |
Ҳукумат
вироишСарвари ноҳияи Ёвон Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ёвон Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Ёвон барои 5 сол интихоб мекунанд. Дар ноҳия инчунин дигар идораву кумитахо амал мекунанд. Раиси ноҳия: Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода (аз 2023).
Иқтисодиёт
вироишКишоварзӣ
вироишНоҳияи Ёвон соли 1977 6 совхози пахтакор, 2 совхози гову гӯсфандпарварӣ ва 1 совхози сабзавоткорӣ дошт. Совхозҳо ва маркази онҳо «Ёвон-1» (марказаш деҳаи Навкорам), «Ёвон-2» (Оби Мукӣ), «Ёвон-3» (Норин), «Ёвон-4» (Рӯдакӣ), «Ёвон-5» (Норин), «50 солагии СССР» (Ҳаёти Нав) буданд. Майдони умумии заминҳои кишт 26083 га (дар соли 1977), аз ин майдони пахта – 16494 га, ғалла (гандум, ҷав, ҷуворимакка, нахӯд, лӯбиё ва ғайра) – 2800 га, зироати хӯроки чорво – 6016 га, сабзавот – 472 га, боғи мева – 256 га, токзор – 132 га буд. Майдони умумии заминҳои обиёришаванда дар ин давра – 24924 га буд.
Саноат
вироишСаноати ноҳияи Ёвон низ сол то сол рушд мекунад. Корхонаҳои асаосии саноатӣ заводҳои таъмири механизмҳо, конструксияҳои оҳану бетонӣ ва маснуоти оҳану бетони, ТЭЦ-и Ёвон, заводи нон ва устохонаи таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ мавҷуданд. Дар ноҳия аз соли 1966 сохтумони калонтарин дар Осиёи Миёна заводи электрохимиявии Ёвон оғоз ёфта, комплекси якуми он декабри соли 1978 маҳсулоти аввалин (гипохлорити калсий) истеҳсол карда буд. Дар давраи истиқлоли давлатии кишвар дар ноҳияи Ёвон сохтмончиён дар ҳар гӯшаву канори ноҳия беш аз 500 иншооти гуногунтаъйинот бунёд намудаанд, ки корхонаҳои «Ғаюр», «Ато», «Ист-Коттон НФР», «Хима текстил», «Хуаксин Ғаюр семент», «Ваҳдат», «Комрон Агро Холдинг», «Фабрикаи мурғи беҳамто», «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал», «Ҷунгтсай Моҳир семент», «Криолит», 10 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 14 муассисаи нави таълимӣ, даҳҳо биноҳои нави таълимӣ ва садҳо синфхонаҳои иловагӣ, биноҳои филиалҳои «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», Прокуратура, «Терминали Ёвон», биноҳои зиёди маъмурӣ, 2 меҳмонхона, беш аз 10 иншооти варзишӣ, се тарабхонаи хуштарҳи замонавӣ, беш аз 120 гармхона ва даҳҳо маркази савдову хидматрасонӣ аз ҷумлаи онҳоянд. Дар ҳудуди ноҳияи Ёвон қариб 30 адад субъекти пудратию сохтмонӣ мавҷуданд, ки аксари онҳо ғайридавлатӣ ва хусусӣ буда, асосан баъд аз солҳои 2000-ум таъсис ёфтаанд. Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди ноҳия, ки фаъолияти сохтмонӣ доранд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар амри таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардидани буҷети ноҳия саҳми босазо мегузоранд. Субъектҳои сохтмонӣ, аз қабили ҶДММ «Ғаюр», ҶСП «Муқим», ҶДММ «Наврӯз», ҶДММ «Зуҳали Убайдулло», ҶДММ «Ваҳдат», ҶДММ «Ҳадяи Оллоҳ», ҶДММ «Хуанфантсюй синю сохтмон», ҶДММ «Хуаксин сохтмон», ҶДММ «Прогресс», ҶДММ «Сабри Ёвон», ҶДММ «Эксперт-саноат» ва чанде дигар дар бунёди иншооти саноатӣ, таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангиву фароғатӣ, хидматрасониву маишӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ саҳми арзанда доранд.[7]
Омӯзишу парвариш
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Ниҳодҳои фарҳангӣ
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Беҳдошту беҳзистӣ
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Эзоҳ
вироиш- ↑ Указы Президента Республики Таджикистан | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 11 Январ 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2023.
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 21 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Яванский район
- ↑ Таджикская АССР. 7 марти 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 апрели 2012.
- ↑ Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 1 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
- ↑ Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.
- ↑ Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ / Тоҷикӣ / Навидҳо/ Бунёди 500 иншоот дар ноҳияи Ёвон
Адабиёт
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Пайнавиштҳо
вироиш