Тақиюддини Авҳадӣ
Тақиуддин Муҳаммад Авҳадӣ ибни Муинуддин Саъдуддини Дақоиқии Исфаҳонӣ (1565[1], Козирун, устони Форс — 1640[1]) — шоир, тазкиранавис ва донишманди форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд: | 1565[1] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1640[1] |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, ориф |
Зиндагинома
вироишШахси таҳсилдида, бохабар аз улуми мутадовилаи давр, инчунин аз мантиқу риёзиёт будааст. Ба шеъргӯӣ аз 16-солагӣ оғоз кард. Дар синни 20-солагӣ ба хидмати шоҳони сафавӣ дохил шуд. Пас аз муддате хидмати дарборро тарк кард ва ба Ҳиндустон рафт. То охири умр дар он ҷо монд.
Фаъолияти эъҷодӣ
вироишАсари машҳури Авҳадӣ тазкираи умумии «Арафоту-л-ошиқин ва арасоту-л-орифин» (хулосааш бо номи «Каъбаи арафот» тадвин шудааст) мебошад. Аз Авҳадӣ инчунин девонҳои ашъор бо номҳои «Табсарат-ул-орифин», «Тазкират-ул-ошиқин», маҷмӯаҳои «Муқатаот ва мутоиботу аҳоҷӣ», «Умеди обод» (дар ҷавоби ашъори Умедӣ), «Одамият», маҷмӯаҳои ғазалиёт ба унвони «Баҳроми Достон», «Қанди муқаррар», «Ҷавоҳири завоҳир», «Дурари ғурар», маснавиҳои «Яъқуб ва Юсуф», «Каъбаи дидор», «Сафинат-ус-сакина», «Лавҳи маҳфуз», «Қалами қудрат» боқӣ мондаанд. Авҳадӣ китобу рисолаҳои мансур низ дорад: «Сурмаи сулаймонӣ», «Кофият-ул-қофия», «Мифтоҳи мафотеҳ», «Айния», «Ҷафри Авҳад» ва ғайра Авҳадӣ девони чанде аз шоирон, аз ҷумла Ваҳшии Бофқиро мураттаб кардааст.
Намунаҳо аз ашъори Авҳадӣ:
Ҷони ман, чун чашми худ бар қалби дилҳо рӯ манеҳ,
Ноз бар тоқи баланди фитна чун абрӯ манеҳ…
* * *
Бас об кунад ҳусни ту рухсори суханро,
Барбод диҳад зулфи ту номуси чаманро.
Кӯтаҳ набувад чун зи лабат дасти умедам,
К-аз тангии ҷо роҳ дар ӯ нест суханро.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Авҳадӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Аҳмад Гулчини Маонӣ, Таърихи тазкираҳои форсӣ, ҷ. 2, Т., 1350 ҳ. ш.