Тақсимоти маъмурии Испания

Испания давлати воҳиди унитарӣ мебошад. Воҳиди асосии маъмурию ҳудудӣ дар Испания ҷамоати худмухтор ( вилояти мухтор, исп. comunidad autónoma ) [1] аст. Айни замон дар кишвар 17 вилоятҳои мухтор, дар ҳоле, ки Кишвари Баскҳо, Каталония, Наварра, Галисия ва Адалусия мухторияти васеъ доранд.

Акс:Провинции Испании.png
Тақсимоти маъмурии Испания

Вилоятҳои мухтор дар навбати худ ба комаркҳо (ноҳияҳо, ё минтақаҳо) тақсим мешаванд, айни замон дар Испания шумораи комаркҳо 324 аст [2]. Комаркҳо, дар навбати худ, ба воҳидҳои маъмурию ҳудудии сатҳи поёнӣ - мунисипалитетҳо, деҳаҳои алоҳида ва ҳатто маҳаллаҳо дар дохили маҳалҳои аҳолинишин тақсим карда мешаванд. Дар Испания зиёда аз 8 ҳазор мунисипалитет мавҷуд аст. Мақоми намояндагии мунисипалитет шӯрои шаҳр ё мақомоти иҷроияи шаҳрдорӣ ( исп. Ayuntamiento, иҷроия - шӯрои маҳаллии ҳокимият ( исп. Junta de Gobierno Local), ки аз Раис(исп. alcalde) ва аъзои шӯро Вокал (исп. Vocal иборат аст. Ташаккули ҷамоатҳои мустақил дар Конститутсияи соли 1978 пешбинӣ шудааст (аз ҷумла, моддаи 152.1 заминаи институтсионалии ин ҷамъиятҳои мухторро муқаррар мекунад - Ассамблеяи қонунгузорӣ (маҷлис), ки бо раъйи умумӣ интихоб шудааст, Шӯрои Ҳукумат бо вазифаҳои кори иҷроия ва Раиси ҷамоати мухтор, ки Ассамблеяи қонунгузорӣ интихоб кардааст. Маъмулан, қаламравҳои онҳо бо ҳам мувофиқат мекунанд, сарҳадҳои вилоятҳо дар доираи минтақаҳои таърихӣ, гарчанде ки баъзе аз ҷамоатҳо ташаккули маҳаллии хешро танҳо пас аз гузариш ба демократия оғоз намуданд (мисол - Мадрид, Риоҷа).

Ҷамоатҳои мухтор (Вилоятҳои мухтор) оинномаҳои худро доранд; ҳукуматҳои ҷамоатҳо қудратро бо ҳукумати марказӣ мубодила мекунанд. Мақомоти намояндагии ҷамоатҳои мухтор парлумонҳо мебошанд ( Parlamento ), дар Астурия - ҳукумати генералӣ ( Junta General ), дар Мурсия, Экстремадура ва Мадрид - маҷлисҳо ( Асамблеа ), дар Арагон, Кастилия-ла-Манч, Кастилия-Леоне ва Валенсия - палатаҳо ( cortes) ). Мақомоти иҷроия - ҳукуматҳо (Gobierno ), дар Галисия, Экстремадура, Кастилия-ла-Манш, Кастилия-Леон - идораҳо ( Junta), дар Арагон ва Наварра - вакилон ( Diputación ), дар Андалусия, Астурия ва Валенсия - шӯроҳо ( Consejo ), ҳар яке аз ин мақомоти иҷроия аз раис (Presidente ) ва мушовирон ( Consejero ) иборат аст.

Ҷамоатҳои мухтор дар навбати худ, ба музофотҳо тақсим мешаванд (provincias) - ки ҳамагӣ 50-то аст ва ду шаҳри ба ном шаҳри мухтор (ciudades autónomas) дар Африқо - Сеуту ва Мелиля. Мақомоти намояндагии музофотҳо шӯрои музофотҳо (Diputación provincial), мақомоти иҷроия - ҳукуматдории ҳукумат мебошанд (Junta de Gobierno), ки аз раис (Presidente) ва аъзои шӯро (Vocal) иборатанд.

Вилоятҳои мухтор дар навбати худ ба комаркҳо (ноҳияҳо, ё минтақаҳо) тақсим мешаванд, айни замон дар Испания шумораи комаркҳо 324 аст [2]. Комаркҳо, дар навбати худ, ба воҳидҳои маъмурию ҳудудии сатҳи поёнӣ - мунисипалитетҳо, деҳаҳои алоҳида ва ҳатто маҳаллаҳо дар дохили маҳалҳои аҳолинишин тақсим карда мешаванд. Дар Испания зиёда аз 8 ҳазор мунисипалитет мавҷуд аст. Мақоми намояндагии мунисипалитет шӯрои шаҳр ё мақомоти иҷроияи шаҳрдорӣ ( исп. Ayuntamiento, иҷроия - шӯрои маҳаллии ҳокимият ( исп. Junta de Gobierno Local), ки аз Раис(исп. alcalde) ва аъзои шӯро Вокал (исп. Vocal иборат аст.

Маҷлисҳои қонунгузорӣ

вироиш

Ассамблея (Маҷлиси қонунгузорӣ) дар сатҳи ҷамоатҳо парлумони якпалатагӣ аст ва вобаста аз ҷомеа, намудҳои ин мақомоти қонунгузор фарқ мекунанд:

  • Парлумон: Андалусия, Ҷазираҳои Балеар, Ҷазираҳои Канар, Каталония, Галисия, Риоха, Наварра, Кишвари Баскҳо
  • Кортесҳо: Арагон, Кастилйа ла Манча, Кастилйа ва Леон, Валенсия
  • Ассамблея: Экстремадура, Мадрид ва Мурсия
  • Хунта: Астурия

Интихобот

вироиш

Интихобот ба мақомоти ҳокимяти ҷамоатҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботӣ баргузор мешавад. Интихобот рӯзи якшанбеи охири моҳи май дар ҳар чор сол, ба истиснои Андалусия, Каталония, Галисия ва Кишвари Баскҳо, дар ҳама ҷамоатҳои мухтор баргузор мешаванд. Валенсия, Наварра ва Арагон мувофиқи ин тартибот интихобот мегузаронанд, аммо пас аз ислоҳоти қонунҳои мухторияти хеш, Раиси ҷамоати мухтор ҳақ дорад парлумонро пароканда кунад ва интихоботро ба муҳлати гуногун таъйин кунад, агар муҳлати ваколаташ ба охир нарасад.

Ҷамоатҳои худмухтори (вилоятҳои) Испания

вироиш

Музофотҳо

вироиш
  • Авила (Ávila), пойтахт - Авила
  • Алава (Álava), пойтахт - Витория
  • Аликанте, пойтахт - Аликанте
  • Албасете, пойтахт - Албасете
  • Алмерия, пойтахт Алмерия
  • Астурия (Музофот), пойтахт - Овьедо
  • Бадахоз , пойтахт - Бадахоз
  • Ҷазираҳои Болеар (Baleares), пойтахт - Палма
  • Барселона (Музофот), пойтахт - Барселона
  • Бискайя (Vizcaya), пойтахт- Билбао
  • Бургос, пойтахт - Бургос
  • Валенсия (Музофот), пойтахт - Валенсия
  • Валладолид, пойтахт - Валладолид
  • Гвадалахара, пойтахт - Гвадалахара
  • Гипускоа (Guipúzcoa), пойтахт - Сан Себастян
  • Гранада, пойтахт - Гранада
  • Герона, пойтахт - Герона (Ҷирона)
  • Кадиз (Кадис), пойтахт - Кадиз
  • Кантабрия, пойтахт - Сантандер
  • Касерес (Cáceres), пойтахт - Касерес
  • Кастеллон (Castellón), пойтахт - Кастеллон де ла Плана
  • Кордоба, пойтахт - Кордоба
  • Куэнка, пойтахт Куэнка
  • Ла Коруна, пойтахт - Ла Коруна
  • Ла-Риоҷа, пойтахт - Логронйо
  • Лас Палмас, пойтахт - Лас Палмас де Гран Канария
  • Леон, пойтахт - Леон
  • Лерида, пойтахт - Лерида
  • Луго, пойтахт - Луго
  • Мадрид (Музофот), пойтахт - Мадрид
  • Малага, пойтахт - Малага
  • Мурсия (Музофот), пойтахт - Мурсия
  • Наварра, пойтахт - Памплона
  • Оренсе, пойтахт - Оренсе
  • Паленсия, пойтахт - Паленсия
  • Понтеведра, пойтахт - Понтеведра
  • Саламанка, пойтахт - Саламанка
  • Замора, пойтахт - Саламанка
  • Санта Крус де Тенерифе, пойтахт - Санта Крус де Тенерифе
  • Сарагоса, пойтахт Сарагоса
  • Севиля (Музофот), пойтахт - Севиля
  • Сеговия, пойтахт - Сеговия
  • Сория, пойтахт - Сория
  • Сюдад Реал, пойтахт - Сьюдад Реал
  • Таррагона, пойтахт - Таррагона
  • Теруэл, пойтахт- Теруэл
  • Толедо, пойтахт - Толедо
  • Ҷаен, пойтахт - Ҷаен
  • Ҳуэлва, пойтахт - Ҳуэлва
  • Ҳуеска, пойтахт - Ҳуеска

Комаркаҳо (ноҳияҳо)

вироиш

Комарка ( исп. comarca ) - номи умумии ноҳия дар Испания мувофиқи системаҳои гуногуни минтақасозӣ [3].

Одатан, комаркаҳо воҳидҳои маъмурию ҳудудии сатҳи поёнтарро - мунисипалитетҳоро муттаҳид мекунанд.

Мунисипалитетҳо

вироиш

Мувофиқи қонуни Испания дар бораи худидоракунии маҳаллӣ ( исп. Ley reguladora de las Bases del Régimen Local Ley reguladora de las Bases del Régimen Local ) мунисипалитет субъекти асосии сохтори ҳудудии давлат мебошад, шахси ҳуқуқӣ ва салоҳияти ноил шудан ба ҳадафҳои худро дорад; унсурҳои он ҳастанд, қаламрав, ки аҳолӣ ва идораи иаҳаллӣ дорад, мебошад [4].

Дар Испания, ҳамагӣ 8,124 муниципалитет мавҷуд аст [5], ки 47% камтар аз 500 аҳолӣ доранд, 44% аз 500 то 10,000 аҳолӣ, 8% аз 10,000 то 100,000 аҳолӣ ва 145 муниципалитет зиёда аз 100 000 аҳолӣ доранд.

Адабиёт

вироиш