Таҳмина Раҷабова
Таҳмина Раҷабова (Раҷабова Таҳмина Пулодҷоновна; тав. 29 июни 1982[1], Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи синамо, рӯзноманигор, ровии барномаҳои телевизионӣ. Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2013). Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2013). Аълочии кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон (2017).
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Раҷабова Таҳмина Пулодҷоновна |
Таърихи таваллуд: | 29 июн 1982 (42 сол) |
Зодгоҳ: | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳуқуқшинос, рӯзноманигор, ҳунарпешаи синамо |
Корнома: | 2006 - то ҳол |
Ҷоизаҳо: |
«Беҳтарин ҳунарпешаи зан» IFFI (2013) |
IMDb: | ID 7012515 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишТаҳмина Раҷабова 29 июни соли 1982 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Модараш духтур ва падараш иқтисоддон буданд. Аз соли 1989 то синфи сеюм дар мактаби миёнаи ба номи Малика Собирова ва ҳамзамон дар бахши мусиқии (фортепиано) таҳсил мекард. Чун вазифаи хидматӣ падарашро озими Маскав намуд, оилаи онҳо муваққатан ба онҷо рафтанд. Тахмина дар мактабҳои онҷо ду сол ба забони русӣ таҳсил намуд.
Баъди бозгашти хонаводаашон ба Тоҷикистон, Таҳмина мактаби миёнаро дар шаҳри Душанбе хатм намуда[2], ҳуҷҷатҳояшро ба факултети ҳуқуқи филиали Донишкадаи равобити миллӣ ва минтақавии Маскав дар Душанбе (Московский Институт национальных и региональных отношений) супурд. Пас аз хатми курси аввал бино бар сабаби оиладор шудан ӯ ба донишгоҳ нарафт ва ӯро хориҷ карданд[3].
Ӯ аз нав ба Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон дохил шуда, соли 2006 онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос бо баҳои аъло хатм кард[2].
Оила
вироишТаҳмина Раҷабова бо хости волидайн дар синни 18 солагӣ ба писарамакаш издивоҷ кард, аммо пас аз чанде онҳо ҷудо шуданд. Аз ин издивоҷ як писар — Муҳаммадҷовид ба дунё омад[4]. Баъдан Таҳмина дубора издивоҷ кард ва соҳиби оилаи хушбахт аст[5]. Ӯ 20 феврали 2021 дар сафҳаи Инстаграми худ расми кӯдаки навзодро ҷо дода, аз соҳиби писар шуданаш хабар дод[6].
Корнома
вироишТелевизион
вироишСоли 2006 ба телевизиони «Сафина» ба ҳайси ёвари ҳуқуқшинос ба кор омада, пас аз як моҳи корӣ ӯро Насиба Ғуломова дида, аз санҷиш гузаронда, ба хотири чеҳраи телевизионӣ доштанаш ва забони русиро олӣ донистан таклиф кард, ки наттоқи барномаи иттилоотӣ ба забони русӣ шавад ва ӯ даъватро пазируфт[4].
Чеҳраи зебои Таҳмина Раҷабоваро аз телевизион коргардонҳои синамо дида ва аз вай даъват кардаанд, ки дар филмҳо нақш иҷро кунад[7].
Синамо
вироишБарои нахустин бор Таҳмина дар синамо дар филми Юнус Юсупов бо номи «Зистан мехоҳам» нақши кӯчаки ёрдамчии муфаттиш ва баъдан дар филми «Умеди охирин»-и Саид Қодирӣ нақши дуюмдараҷаро бозида санҷиши аввалини ҷиддиро дар соҳаи синамо гузашт[8]. Сипас ба киностудияи Тоҷикфилм даъват шуда дар филми коргадон Саидҷон Қодирӣ зери унвони «Убури сангин» нақши асосиро иҷро кард.
Соли 2008 дар Ҷашнвораи синамоии «Дидор» филми «Умеди охирин» соҳиби ҷоиза гардид. Ва нақши бозидаи Таҳмина мавриди таваҷҷуҳи коргардони тоҷиктабори Афғонистон Асад Сикандар қарор гирифт ва ӯро барои нақшофарӣ дар филми муштараке бо ҳамкорони боливудӣ бо номи «Мадраса» (ҳоло «Муҳоҷир») ба Афғонистон барои иҷрои нақши аслӣ даъват кард. Таҳмина дар ин филм нақши модари хонаводаро иҷро кардааст[7].
Соли 2011 филми «Марде дар орзуи зани панҷум»-и коргардони афғон Сиддиқ Обидӣ, ки дар музофоти Фароб ва Балхи афғонистон наворбардорӣ шуд, Таҳмина нақши зани сеюмро бо маҳорати баланди касбӣ иҷро намуда, соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин ҳунарпешаи зан» гардид[8].
Таҳмина Раҷабова бо пешниҳоди нахустин филмаш ба забони русӣ «Обмани себя» ба соҳаи коргардонӣ қадам гузошт. Филми мазкур кӯтоҳ буда, 28 дақиқаро дар бар мегирад ва 19 декабри 2020 дар кинотеатри «Зебуниссо»-и Душанбе пешниҳоди синамогарон ва рӯзноманигорон гардид[9].
Фаъолияти башардӯстӣ
вироишДар соли 2012 намояндагии Федеросиюни Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон корзоре якмоҳаро барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъа ба фаъъолияти башардӯстонаи ин федеросиюн оғоз кард. Таҳмина Раҷабова, дар ин корзор, сафири ҳусни нияти ин моҳ интихоб шуд. Ӯ мегӯяд, ки қаблан низ ба аёдати кӯдакони бесарпараст дар ин хонаи кӯдакон мерафт ва ҳоло бисёре аз кӯдакон ӯро «апаҷон» ном мебаранд[10].
Филмшиносӣ
вироишТаҳмина Раҷабова дар бештар аз 20 филм нақш офаридааст[8]:
№ | Ном | Сол | Коргардон | Нақш | Кишвар |
---|---|---|---|---|---|
1 | Зистан мехоҳам | 2007 | Юнус Юсупов | Тоҷикистон | |
2 | Як рӯзи баҳор | 2008 | Музаффар Раҳматов | Таҳмина | Тоҷикистон |
3 | Умеди охирин | 2008 | Саидҷон Қодирӣ | Гуландом | Тоҷикистон |
4 | Симо | 2008 | Умедҷон Бобомуродов | Маҳина | Тоҷикистон |
5 | Мадраса | 2008 | Асад Сикандар | Роҳила | Афғонистон |
6 | Барачаи хаёлӣ | 2009 | Абдулҳай Зокиров | духтур | Тоҷикистон |
7 | Убури сангин | 2010 | Саидҷон Қодирӣ | Нигина | Тоҷикистон |
8 | Беҳуда хорам мекунӣ (қисми 5-6) | 2010 | Шуҳрат Қурбонов | Тоҷикистон | |
9 | Шаби хунин | 2011 | Далер Беков | Тоҷикистон | |
10 | Соҳил | 2011 | Раҷабалӣ Пиров | Тоҷикистон | |
11 | Думболи афсона | 2011 | Рустам Расулов | Малика | Тоҷикистон |
12 | Марде дар орзуи зани панҷум | 2012 | Сиддиқ Обидӣ | зани сеюм | Афғонистон |
13 | Қасос | 2012 | Руслан Мирзоев | Замира | Тоҷикистон |
14 | Журналист | 2012 | Аъзам Розиқ | Нигора | Тоҷикистон |
15 | Паймон | 2013 | Муҳиддини Музаффар | Малика | Тоҷикистон |
16 | Асрори хуфта | 2013 | Саидҷон Қодирӣ | Тоҷикистон | |
17 | 12 соли интизорӣ | 2014 | Муҳиддини Музаффар | Фаришта | Тоҷикистон |
18 | Феъли бад | 2014 | Аслам Ёдгоров | Парвина | Тоҷикистон |
19 | Муфаттиш | 2015 | Муҳаммадраббӣ Исмоилов | Нигора | Тоҷикистон |
20 | Некӣ (филми кӯтоҳ) | 2016 | Муҳаммадраббӣ Исмоилов | Тоҷикистон | |
21 | Сайёра ранг иваз мекунад | 2018 | Муҳиддини Музаффар | Сайёра | Тоҷикистон |
22 | Эделвейс | 2018 | Неъматулло Абдуллоев | Эрика | Тоҷикистон |
Унвону ҷоизаҳо
вироиш- «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»[11]
- «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»[12]
- «Аълочии кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон»
Ҷоизаҳои синамоӣ
вироишТаҳмина Раҷабова бо ҷоизаи Ҷашнвораи байналмилалии филми Ҳиндустон (IFFI) дар филми «Марде дар орзуи зани панҷум» қадрдонӣ шудааст[8][13][14].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Актриса Раджабова Тахмина. Фотографии, анкета, фильмография.. www.sferakino.ru. 6 Декабри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 Декабри 2017.
- ↑ 2.0 2.1 Арафамоҳи САЪДУЛЛО. Тахмина Раҷабова: Тавоно ҳаргиз дар нахоҳад монд. «Чеҳра» Маҷаллаи иттилоотӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ ва рекламавӣ. № 10, 2011. С. 12-13.
- ↑ Рустам Азимов. Браво Таҳмина!(тоҷ.), Tajikistan times. Бойгонӣ шудааст 25 июли 2018 сол. Проверено 6 Декабри 2017.
- ↑ 4.0 4.1 Гулноза БОБОМУРОДОВА. Таҳмина Раҷабова: Мехоҳам худро дар киноиндустрияи ҷаҳонӣ бисанҷам. «Бонувони Тоҷикистон». Маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. № 6, 2009. С. 22-24.
- ↑ #6 Imshab LIVE бо Тахмина Рачабова(тоҷ.). MIX. 26 феврали 2019 санҷида шуд.
- ↑ Хуш омадед, писарам: шукргузории Таҳмина Раҷабова пас аз таваллуди фарзанд(тоҷ.). Sputnik Tajik. 22 феврали 2021 санҷида шуд.
- ↑ 7.0 7.1 Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 10 апрел. BBC Tajik/Persian (10 апрели 2009). 6 Декабри 2017 санҷида шуд.
- ↑ 8.0 8.1 8.2 8.3 Разиуддин АТОӢ. Саргузашти Таҳмина Раҷабова: аз Афғонистон то Ҳиндустон. «Элита». Маҷаллаи ҷамъиятӣ-сиёсӣ. Январ-Феврал, 2014. С. 16-23.
- ↑ Шодмон Кенҷаев. Нахустин филми Таҳмина Раҷабова ба намоиш гузошта шуд(тоҷ.). Фараж (21 Декабри 2020). 22 феврали 2021 санҷида шуд.
- ↑ BBC Тоҷикӣ - Дар бораи мо - Корзори якмоҳа барои ҷалби мардум ба фаъъолиятҳои башардӯстона(тоҷ.). www.bbc.co.uk. 30 май 2018 санҷида шуд.
- ↑ Фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.03.2013, № 7-У
- ↑ Фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013, № 31-У
- ↑ Фарангиси Фармон. Бонуи тоҷик Ҳиндустонро тасхир кард. Фараж. faraj.tj. 6 Декабри 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Таджикская актриса стала лучшей на International Film Festival | Новости Таджикистана ASIA-Plus. Бойгонӣ шудааст 4 феврали 2019 сол. Проверено 29 Январ 2018.
Пайвандҳо
вироиш- Таҳмина Раҷабова(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database
- Our film is a protest against violence: Afghan filmmakers. www.pressreader.com. 29 Январ 2018 санҷида шуд.
- Great scope for expansion between India-Afghanistan relations:Goa Guv. news.webindia123.com. 29 Январ 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 августи 2018.
- Afghan-Indo film “A Man’s Desire for Fifth Wife” to be released soon | Wadsam(англ.). wadsam.com. 29 Январ 2018 санҷида шуд.
- IndianShowBiz.com » A Man’s Desire for a Fifth Wife an Afghan Film to be screened at 44th international film festival at Goa (IFFI(англ.). www.indianshowbiz.com. 29 Январ 2018 санҷида шуд.