Таҳмол (қатмол, қатлама, қалама) — аз орди гандум (бе хамиртуруш) хамир карда, хуб мушт мекунанд. Пас онро зувола гирифта, 30-40 дақиқа дам медиҳанд. Баъд хар як зуволаро алоҳида-алоҳида ба воситаи тирак дар рӯи тахтаи ош боз карда, равғани дунба ё зард мемоланду боз ба тирак мепечонанд. Дар ин ҳолат хамири тунукшударо бо корд ба қади тирак мебуранд, ки баъди гирифтани тирак қабатҳои тунуки тасмашакл ҳосил мешавад. Ин қабатҳои тасмашаклро лӯлапеч мекунанд ва онҳоро бо тирак ё даст мисли нон тунук мекунанд. Дар миёнаи таҳмол сӯрохие мемонанд, ё ҳар ҷо-ҳар ҷо корд мезананд, ё ки хамирро то 1мм тунук карда, равған мемоланд ва лӯлапеч мекунанд. Лӯлапечро майда бурида, ҳар қисми онро алоҳида тунук мекунанд, баъд 2-3-тоӣ рӯи ҳам монда, якто таҳмол (қатлама) месозанд. Сипас, ба дег равған андохта, дар он аввал як тараф, сонӣ тарафи дигари таҳмолро мепазанд. Баъди пухтан ба рӯяш баъзан шакар ҳам мепошанд. Таҳмолро ҳамчун нони варақини хушхӯр дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон, одатан, дар маросимҳо ва маъракаю меҳмонравӣ мепазанд. Барои 5 истакон орд 1 истакон об, ним қошуқ намак, 70-80 г равған барои ба хамир молидан, 500-700г равған барои пухтан лозим аст.

  • Қатмол — тарзи тайёр кардани қатмол чунин аст: 3 кг ордро аз элак гузаронида, ба лаганд меандозанд. Аз болои орд оби намакоб андохта, хамирро мушт мекунанд. Хамири тайёршуда 20 дақиқа дам дода шуда, пас ба зуволаҳо тақсим карда мешавад. Зуволаро ба рӯи тахтаи ош гузошта, ҳамвор карда, равғани зард ва чарбуи говро ба рӯйи тӯппаи ҳамворшуда мемоланд. Онро мисли давра печонида, пас аз дам додан мисли нон рост карда, аз мобайн сӯрох мекунанд. Ба дег равғани рустанӣ андохта, ба алови паст мепазанд. Оҳиста-оҳиста қатмол сурх мешавад. Барои оро додани қатмоли тайёршуда шакар пошида мешавад.[1]

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш