Театри халқӣ — як навъ театри оммавист, ки дар байни халқ маъмул буда, шаклҳояш бо эҷодиёти даҳанакии халқ алоқаи узвӣ дорад.

Таърих вироиш

Унсурҳои амалиёти драмавӣ, дар рақсу бозӣ, суруд ва расму оинҳои қадим барои пайдоиш ва инкишофи намудҳои гуногуни театри халқӣ замина гузоштаанд. Масалан, дар Юнони Қадим дар асрҳои 6—5 то мелод аз идҳои маросимиӣ зироаткррӣ (иди деҳқонон ба шарафи худо Дионис) жанрҳои фоҷиа ва мазҳака ба вуҷуд омаданд. Бо мурури замон аз байни иҷрокунандагони намоишҳои гуногуни театри халқӣ санъаткороне пайдо шуданд, ки онҳоро дар Юнони Қадим мим, дар Россия скоморох, дар Европаи Ғарбӣ жонглёр, шпилман, дар Осиёи Мӣёна шӯъбадабоз, масхарабоз ва ғайра меномиданд. Ҳар як актёр якчанд ролро иҷро мекард, қиёфаашро ба воситаи грими одӣ (сиёҳии дег, орд, пашми буз ва ғайра) тағйир медод. Тамошо дар хонаҳон васеъ, саройҳо ва бештар дар ҳавои кушод мегузашт. Азбаски намоиш дар байни издиҳом, дар шароити пурмағал ҷараён мегирифт, актёрон ҳангоми ҳунарнамоӣ ба имову ишора ва ҳаракот бештар аҳамият мододанд, баланд гап мезаданд, кӯшиш мекарданд, ки характери офаридаистодаашонро тавассути муболиға ҳарчи боварибахш ифода намоянд. Онҳо дар рафти намоиш тамошобинонро ба муколама мекашиданд. Актёрҳои халқӣ, ки аксар хату савод надоштанд, матни роли худро аз иҷрокунандагони ботаҷриба ёд мегирифтанд. Бинобар ин ҳунарпеша асосан сценарияи асарро дар хотир нигоҳ дошта матни онро ҳангоми бозӣ бадеҳатан мегуфт. Актёрҳои халқӣ дар баромадашоп палтамима, акробатика, рақс, суруд, санъати цирк (чашмбандӣ, тақлиди овози ҳайвону паррандаҳо), зочаро истифода мебурдаад. Бо мурури замон актёрони халқӣ ба ду соҳаи алоҳида ҳунарварони цирк ва зочабози (театри лӯхтак) ҷудо шуданд. Дар мамлакатҳои Шарқ намоишҳои халқии рақсу пантомила ва мусиқидор аз қадим маъмуланд. Дар заминаи онҳо театри анъанавии халқҳои Осиё ташаккул ёфтааст (дар Индонезия-ваянг-топенг, дар Цейлон-калам, дар Ҳиндустон-катхакали ва ғайра). Эҷодиёти актёрҳои халқӣ бо зисту маишат ва орзуву омоли мардуми меҳнаткаш зич алоқаманд буд. Артистон дар баромадҳои худ норозигии халқ ва муборизаи онро бар зидди феодализм, дин, ҳама гуна ҷаҳолат ва ҳодисаҳои нангини зиндагӣ ифода мекарданд. Дар айни замон театри халқӣ аз таъсири мафкураи табақаи ҳукмрон дур намондааст. Ҳокимон санъаткорони халқиро ба дарбори худ ҷалб карда, ҳунари онҳоро ҳамчун воситаи дилхушӣ истифода мебурданд. Дар баъзе мамлакатҳо дигар ҳам ба театри халқӣ таъсир расондааст. Аммо актёрҳои халқӣ аксар дар намоишҳои динӣ (чунончи, мистерия, фарс, карнавал) эламентҳои реалистиро ҷорӣ мекарданд. Анъанаҳои театри халқӣ дар эҷодиёти драматургҳои бузурги ҷаҳон ва актёрҳои мумтоз инкишоф ёфта, барои пайдоиши театри касбӣ роҳ кушодааст. Тамошоҳои ба намоишҳои театрӣ монанди масхарабозон яке аз зуҳуроти санъати театри пешазинқилобин тоҷикон мебошад. Театри халқии тоҷик намудҳои гуногун дошт: театри пантомима, театри зочабозӣ, театри масхарабозон ва ғайра.

Театри халқӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ вироиш

Дар СССР беҳтарин коллективҳои театри ҳаваскоронро «театри халқӣ» меноманд. Ин унвон ба дастаҳои ҳаваскорони пуртаҷрибаи дорои ҳайати эҷодии устувор, ки барои дар саҳна офаридани спектакл шароиту имконият (хонаи маданият, клуб) доранд ва аз уҳдаи тартиб додани репертуар мебароянд, дода мешавад. Дар СССР нахустин театрҳои халқӣ соли 1959 таъсис ёфтаанд.

Дар Тоҷикистон театрҳои халқӣ аз соли 1960 ин ҷониб инкишоф меёбанд. Дар Орҷоникидзеобод, Ҳисор, Рӯшон, уротеппа, Ғончӣ, Исфара,раёни Москва ва ғайра театрҳои халқӣ амал мокунанд. Ҳоло дар Тоҷикистон 10 театри халқӣ мавҷуд аст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Авдеев А. Происхождение театри, Л., 1959;
  • Нурджанов Н., Таджикский народныи театр, Москва, 1956;
  • Народние тоатры, Москва, 1962. Й. Нурҷонов.

Сарчашма вироиш


Шаблон:Teatr-stub