Телевизион дар Туркия
Телевизион дар Туркия соли 1952 бо ба кор даровардани телевизиони İTÜ TV аз ҷониби Донишгоҳи техникии Истанбул бо таҷҳизоти ширкати Philips пайдо шуд[1].
Аввалин шабакаи телевизионии миллӣ ТРТ 1 мебошад, ки соли 1968 ба фаъолият оғоз кард. Телевизиони ранга дар Туркия соли 1981 дар ҳамин шабака пайдо шуд. Аввалин шабакаи телевизионии хусусии Туркия, Star, 26 майи соли 1989 ба пахши барномаҳояш шурӯъ кард[2].
Соли 1993 барои пахши хусусӣ дар Туркия ба Конститутсия тағирот ворид карда шуд. Соли 1994 танзимгари ВАО - Мақомоти радио ва телевизиони Туркия (RTÜK) ташкил карда шуд[3]. Худи ҳамон сол аввалин шабакаи пулакӣ - шабакаи синамоии Cine5 пахш шуд[4].
Бозори телевизиони Туркияро чандин ширкати бузурги телевизионӣ - Kanal D, ATV ва Show TV назорат мекунанд, ки маъруфтарин дар кишвар ҳастанд[5]. Дар Туркия платформаҳои маъруфи моҳворавии Digiturk, D-Smart ва платформаи ноқилии Türksat 4A, ки қисми зиёди бозорро дар даст доранд[6].
Дар бозори телевизиони Туркия бисёр шабакаҳои телевизионии бренди амрикоӣ мавҷуданд, ки саҳми ширкатҳои амрикоӣ доранд, ба монанди CNN Türk, Fox, NTV (2000-2014), CNBC-e (то соли 2015), TLC (аз соли 2015), Lifetime, Bloomberg HT, FX, Sony Channel ва ғайраҳо.
Дар соли 2018, пас аз кӯшиши табаддулоти низомӣ дар 16 июли соли 2016 дар Туркия, дар ин кишвар бо айби ҳукумат дар робитаҳояшон бо сохторҳои воизи турк Фатҳуллоҳ Гулен, ки дар навбати худ ба ташкили кӯшиши табаддулоти давлатӣ гунаҳкор дониста шудааст.
То соли 2019 дар Туркия 196 шабакаи телевизионӣ мавҷуд буд, ки 19-тои он миллӣ, 12 минтақавӣ, 165 шаҳрӣ ва 1 ширкати телевизион ва радиои давлатӣ бо 13 шабакаи телевизионии худ мебошанд[3].
Шабакаҳои сербинандатарини Туркия
вироишРейтинги шабакаҳои телевизионӣ аз рӯи нуқтаи назар дар Туркия барои соли 2019[7].
Ҷой | Шабака | Ширкат | Ҳиссаи умумии бинандагон (%) |
---|---|---|---|
1 | ATV | Çalık Holding | 11,07 % |
2 | Fox | Fox International Channels | 10.01 % |
3 | Kanal D | Demirören Group | 6.95 % |
4 | Show TV | Ciner Media Group | 6.60 % |
5 | TV8 | Acun Media и Doğuş Holding | 5,91 % |
6 | Star TV | Doğuş Media Group | 5,49 % |
7 | TRT 1 | TRT | 5,11 % |
8 | Kanal 7 | New World Media Group | 4,47 % |
9 | TRT Çocuk | Ширкати телевизион ва радиои Туркия | 3.25 % |
10 | TRT Haber | Ширкати телевизион ва радиои Туркия | 2,22 % |
Эзоҳ
вироиш- ↑ Televizyonla Unutulmuş İlk Buluşmamız: Türkiye'nin İlk Televizyon Kanalı İTÜ TV. onedio.com (03.06.2015). 5 мая 2021 санҷида шуд.
- ↑ «Competition Issues In Television And Broadcasting». oecd.org (2013). 5 мая 2021 санҷида шуд.
- ↑ 3.0 3.1 Television. 6 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 феврали 2020.
- ↑ "Турецкого бизнесмена приговорили к 12,5 годам за незаконное присвоение денежных средств ". mk-turkey.ru (25 декабря, 2015). 5 мая 2021 санҷида шуд.
- ↑ Nick Holdsworth. International TV execs talk Turkey. variety.com (March 10, 2012). 5 мая 2021 санҷида шуд.
- ↑ «TV and on-demand audiovisual services in Turkey». 6 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 ноябри 2018.
- ↑ TİAK | Charts