Темур Собиров (Собиров Темур Сафарович; 3 апрели 1940[2], деҳаи Сӯфиён, ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон — 23 июни 1977, Воронеж) — риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика (1975), профессор (1976).

Темур Собиров
Таърихи таваллуд 3 апрел 1940(1940-04-03)
Зодгоҳ деҳаи Сӯфиён, ноҳияи Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 23 июн 1977(1977-06-23) (37 сол)
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ риёзиёт
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Роҳбари илмӣ Mark Krasnosel'skii[d][1]

Зиндагинома вироиш

Соли 1961 факултаи физика ва математикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро ба поён оварда, дар шуъбаи физикаю математикаи АИ Тоҷикистон ба сифати ходими хурди илмӣ кор кардааст[3].

Солҳои 1964—1967 аспиранти Университети давлатии Воронеж, 1968—1975 муаллими калон, дотсенти кафедраи алгебра ва геометрияи Институти давлатии педагогии Воронеж, аз 1975—1977 мудири ҳамин кафедра буд[4].

Фаъолияти илмӣ вироиш

Дар самти назарияи бифуркатсияи ҳолҳои даврӣ ва қариб даврии муодилаҳои дифференсиалии ғайрихаттӣ корҳои шоён ба сомон расондааст, барои ҳолати мураккаби таназзули дараҷаи баланди як қатор синфҳои муодилаҳои номрафта натиҷаи ниҳоӣ ба даст овард. Масъалаи давомнокии ҳалли қариб даврӣ (дар ҳоле, ки муодилаи мувофиқи хаттӣ дорои оператори регулярист) бо талошаш ҳамаҷониба тасдиқ гардид.

Зиёда аз 60 мақолаи илмӣ чоп намудааст. Дар тарбияи олимони ҷавони Тоҷикистон саҳми бузург гузоштааст.[5] Самтҳои илмии муайянкардаашро пайравону шогирдони ин олими фавқулодда боистеъдоди тоҷик давом доданд, чун марги муфоҷо ӯро дар 37 солагӣ рабуд[3].

Осор вироиш

  • Исследование по теории рождения малых периодических решений из состояния равновесия в нелинейных системах дифференциальных уравнений. — М., 1981[3].
  • К вопросу о продолжимости по параметру решений краевых задач для дифференциальных уравнений в банаховых пространствах II. Положительные решения. Т. С. Сабиров. — Изв. вузов. Матем., 1978, № 1, 97-109[6].
  • Некоторые задачи аналитической теории однопараметрического возмущения линейных операторов. Т. Сабиров. — Тр. ММО, 33 (1975), 67-106[6].
  • К вопросу о продолжимости по параметру решений краевых задач для дифференциальных уравнений в банаховых пространствах. Т. С. Сабиров. — Изв. вузов. Матем., 1973, № 10, 59-68[6].
  • Об асимптотических оценках функции Грина сингулярно возмущенных дифференциальных операторов с почти периодическими коэффициентами. Т. С. Сабиров. — Дифференц. уравнения, 7:5 (1971), 934—936[6].
  • Геометрические свойства некоторых специальных конусов в банаховом пространстве Т. Сабиров. — Матем. заметки, 5:1 (1969), 63-70[6].
  • Об устойчивости малых периодических решений в многомерных вырождениях. Т. Сабиров. — Докл. АН СССР, 181:4 (1968), 805—807[6].
  • Об устойчивости разветвляющихся почти-периодических решений некоторых систем дифференциальных уравнений. В. Ш. Бурд, Т. Сабиров. — Докл. АН СССР, 176:5 (1967), 991—993[6].
  • К вопросу об устойчивости малых периодических решений. Т. Сабиров. — Докл. АН СССР, 167:4 (1966), 755—757[6].

Эзоҳ вироиш

  1. Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
  2. Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, прогноз погоды на 3 апреля | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). Бойгонӣ шудааст 9 августи 2014  сол. Проверено 28 июни 2018.
  3. 3.0 3.1 3.2 Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ; Зери таҳрири Сайфидин Назарзода. — Д., 2016. — С. 533—534. — 720 с.
  4. ВОРОНЕЖСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ ПЕДАГОГИЧЕСКИЙ УНИВЕРСИТЕТ КАФЕДРА ВЫСШЕЙ МАТЕМАТИКИ. math.vspu.ac.ru.
  5. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Душанбе, 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4
  6. 6.0 6.1 6.2 6.3 6.4 6.5 6.6 6.7 Персоналии: Сабиров Тимур Сафарович. www.mathnet.ru. 28 июни 2018 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш

  • Собиров Темур / В. Я. Стеценко // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
  • Имомназаров Б. Ёдкарди Темури Собир. — Д., 1990.