Теофил Готйе
Пйер Жюл Теофи́л Готйе́ (фр. Pierre Jules Théophile Gautier; 30 август 1811[1][2][3][…], Торб[d][1][6][7] — 23 октябр 1872[4][1][2][…], Нёйӣ-сур-Сен[d][1][7]) - адиб, мунаққид ва рӯзноманигори фаронсавӣ.
фр. Théophile Gautier | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | фр. Jules Pierre Théophile Gautier[5] |
Таърихи таваллуд: | 30 август 1811[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 23 октябр 1872[4][1][2][…] (61 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, шоир, рӯзноманигор, румоннавис, намоишноманавис, либреттонавис, мунтақиди ҳунарӣ, рассом, мунтақиди адабӣ, аккос, ҳунаршинос |
Забони осор: | фаронсавӣ[2][8][9] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишТеофил Готйе аз саромадони зебошиносӣ (эстетизм)-и Фаронса ба шумор меравад. Дар муқаддимаи романи «Хонум де Мопен» (1835–1836) назари худро дар бораи «ҳунар барои ҳунар» матраҳ кардааст. Ба андешаи ӯ мақсади ягонаи санъаткор инъикос кардани зебоӣ аст. Дар оғози солҳои 1830 Теофил Готйе дар газетаи «Presse» масъули бахши адабиёту нақд буд ва пиромуни чеҳраҳои адабии асрҳои 15–17 мақолаҳо навишт, ки дар маҷмӯаи «Гротескҳо» (1844) гирдоварӣ шуданд. Беҳтарин асари манзуми ӯ «Миноҳо ва нигинҳои манқуш» (1852) аст, ки дар он ормон (идеал)-и «ҳунари ҷовидона» баён ёфтааст. Теофил Готйе муаллифи романҳои «Капитан Фракасс» (1863), «Элдорадо» номи дигараш Фортунио»; 1837, «Достони мумиёӣ» (1858), асарҳои «Таърихи романтизм» (1874, нотамом), «Сафар ба Русия» (1867), новеллаҳо, мақолаҳо ва ғ. мебошад. Эҷодиёти В. Ҳюго ба ӯ таъсир гузоштааст. Дар осори Теофил Готйе Шарқ ва фарҳанги он ҷои босазое дорад. Ӯ мисли дигар шоирони романтики Фаронса ошиқи шеъру ҳунари Машриқзамин буд. Теофил Готйе бо мутолааи «Девони ғарбию шарқӣ»-и Гёте бо ашъори Ҳофизи Шерозӣ ошно шуд. Дар дебочаи маҷмӯаи ашъораш «Миноҳо ва нигинҳои манқуш» аз Низомию Ҳофиз бо эҳтиром ёдоварӣ кардааст. Дар ин асар оҳангу савтҳои шарқӣ ҷойгоҳи намоён доранд. Дар «Хотироти ҳайкалҳои сангин», ки яке аз шеърҳои баланди ин асар аст, манзараҳои дилфиреби Шарқ устодона тавсиф шудаанд.
Мақолаҳои зиёди Теофил Готйе, ки солҳои 1850–60 дар матбуоти давр интишор ёфтаанд, гувоҳи онанд, ки ӯ аз фарҳангу адаби шарқиён, аз ҷумла форсӣ тоҷикӣ, огоҳии хуб доштааст. Асарҳои парокандаи Теофил Готйе аз ҷониби донишмандони фаронсавӣ гирд оварда шуда, соли 1877 дар ду ҷилд таҳти унвони «Шарқ» чоп шудаанд. Аз ҷумла, ду мақолаи Теофил Готйе «Шеъри форсӣ. Рубоиёти Хайём» ва «Форс» басо ҷолибанд. Мақолаи аввал тақриз ба тарҷумаи фаронсавии рубоиёти Хайём аст, ки соли 1867 чоп шуда буд. Дар мақолаи «Форс» ӯ аз шоирони бузурги форс-тоҷик Фирдавсӣ, Аттор, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон ёд кардааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 1.7 Великовский С. И. Краткая литературная энциклопедия (рус.) — М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 2.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 RKDartists (нидерл.)
- ↑ 4.0 4.1 Национальная библиотека Франции — 1537.
- ↑ https://www.eternels-eclairs.fr/biographie-theophile-gautier.php
- ↑ 6.0 6.1 Готье Теофиль // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 7.0 7.1 7.2 7.3 Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ CONOR.Sl
Сарчашма
вироиш- Готйе Теофил // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.