Терморегулятор (аз термо… ва русӣ: регулятор — танзима) — таҷҳизотеро гӯянд, ки барои ба таври худкор дар саннаи муайян нигоҳ доштани ҳарорати дохили бино, зарф, трубопровод, кӯра ва дигар объектҳо таъйин шудааст.

Терморегулятори электронии барномарезишудаи Thermoreg Eco-Logic

Терморегуляторҳо дар соҳаҳои гуногуни саноат, хоҷагии қишлоқ, лабораторияҳои назоратӣ ва тадқиқоти илмӣ истифода мешаванд. Онҳо асосан аз унсурҳои зерин таркиб ёфтаанд: термодатчик —зиёд ё кам шудани ҳароратро ба қайд гирифта, онро ба сигнали муайян табдил медиҳад; узви идора — сигнали аз термодатчик гирифташударо тақвият медиҳад; узви иҷро — сигнали тақвияшударо, ба узви танзимкунанда мёгузаронад, ки он дар навбати худ ҷараёни энергия (ё худ модда)-и дохил ва хориҷшавандаро танзим мекунад.

Терморегуляторҳои амалиёташон бевосита ва бавосита мавҷуданд. Дар nерморегуляторҳои бевосита амалкунанда сигнали термодатчик бевосита ба узви танзимкунанда мегузарад. Дар nерморегуляторҳои бавоситаамалкунанда бошад, таъсири сигнали термодатчик ба узви танзимкунанда тавассути моеъ (nерморегулятори гидравликӣ), газ (nерморегулятори пневматикӣ) ва энергияи электр (nерморегулятори электрӣ) гузаронида мешавад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Юрманов Б. Н., Автоматизация систём отопления, вептиляции и кондиционирования воздуха, Ленинград 1976.

Сарчашма вироиш