Тиамин (Витамини В1), C12H17N4OS, дар организм барои мубодилаи мўътадили моддаҳо (хусусан аргиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. Ҳангоми норасоии витамини В1 кас аз ҳар чиз зуд хашмгин, хаста, ҳазми хўрокаш душвор мешавад. Тамоман ё хеле кам будани тиамин ба бемории вазнини асаб(бери-бери)сабаб мегардад. Тиамин дар хамирмояи пиво, хамиртуруш, инчунин дар ярма ва ғалладона (махсусан дар сули ва марҷумак бисёр аст. Талаби организм ба он ҳангоми кори ҷисмони ва фикри , инчунин дар ҳавои хунук меафзояд.

Тиамин