Бери-бери
Бе́ри-бе́ри (авитаминози B1) — бемориест, ки бинобар дар организм кам будани витамини В1, хусусан тиамин, сар мезанад.
Бери-бери | |
---|---|
Ихтисос | Endocrinology, асабшиносӣ, дилшиносӣ |
| |
МКБ-10 | E51.1. |
МКБ-9 | 265.0 |
DiseasesDB | 14107 |
MedlinePlus | 000339 |
eMedicine | med/221 |
MeSH | D001602 |
Ниёзи организми мардҳо ба витамини В1 дар як шабонарӯз 1,6-2,5 мг, занҳо — 1,3-2,2 мг ва кӯдакон аз 0,5 то 1,7 мг аст. Беморӣ фаъолияти силсилаи дилу рагҳоро халалдор сохта, тан лоғар мешавад, варам мекунад. Бери-бери дар мамолики Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ бисёр ба мушоҳида мерасад. Сабаби беморӣ истеъмоли зиёди биринҷ аст. Бери-бери феълан кам дучор меояд. Ҷараёни беморӣ шадид ва музмин аст. Бери-бери метавонад оқибати бад ба бор орад. Беморро дар шифохона табобат мекунанд. Ғизо бояд ба миқдори зиёд сафеда дошта бошад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бери-бери // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.