Унсури Викидода мавҷуд нест

«Тибби Юсуфӣ» ё «Ҷомеъу-л-фавоид» (форсӣ: جامع الفواید‎) — асари Юсуф ибни Муҳаммад ибни Юсуфи Табиб, ки соли 1500 ба забони форсӣ таълиф шудааст.

Асар аз якчанд қисм иборат аст. Қисмл аввал дархусуси муолиҷаи бемориҳо баҳс мекунад. Дар ин қисм аввал номи беморӣ зикр ёфта, баъд аломату хусусиятҳои он мухтасар баён ва сипас бо як ё ду рубоӣ тарзи муолиҷаи он ифода мешавад. Агар таркиби дору мураккаб бошад, он вақт баъди рубоӣ таркиб ва тарзи тайёр кардани он бо наср маънидод мешавад. Дар аввали ҳар рубоӣ номи беморӣ ва баъд усули муолиҷаи он баён шудааст. Чор рисолаи аввал мансур аст:

  1. «Ситтаи зарурия» (дар бораи ҳаво, хӯрокӣ ва нӯшокӣ, ҳаракат ва сукуни ҷисмонӣ; ҳаракат ва сукуни нафсони, хоб ва бедорӣ, нитоҳ доштани моддаҳо дар бадан ва изолаи онҳо аз бадан);
  2. «Рисолаи далоилу-н-набз» (чигунагии набаро маънидод мекунад);
  3. «Рисолал далоилу-л-бавл» (дар бораи шоша баҳс мекунад);
  4. «Мухтасару-л-баён, фӣ заруриёти-л-буҳрон» (баёни мухтасари маълумоти муфид доир ба буҳрони бемориҳо).

Баъди он се рисолаи хурди манзум (Рисолаи ҳифзи сиҳатни бадан, Рисолаа маъқул ла машруб, «Муқаттаоти Юсуфӣ» меояд, ки ба масъалаҳои гуногуни тиб ва хосияти коддаҳои гуногун оиданд. Нусхаи дастхати ин асар дар Лакҳнав (Ҳиндустон) соли 1908 чопи сангӣ шудааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Тибби Юсуфӣ / Т. Аҳмадов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
  • Капринов В. А. Раҳим Xошим, Хикмати асрҳо (Мунтахаб аз рисола ва луғатҳои тибби қадим), Д., 1975.