То́мас Ге́йнсборо (англ. Thomas Gainsborough; 14 майи 1727 — 2 августи 1788) — рассоми инглис.

Томас Гейнсборо
инг. брит. Thomas Gainsborough
Суратҳо
Таърихи таваллуд 14 май 1727(1727-05-14)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 2 август 1788(1788-08-02)[1][4][5][…] (61 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр нигоргарии сурат[d][1], наққошии манзара[d][1] ва такчеҳра[1]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар портреткашӣ машҳур буд. Эҷодиёташро аз манзаранигорӣ («Бешаи Корнард», 1748, Нигористони миллӣ, Лондон) сар кардааст. Ба ақидаи муҳаққиқон, дар асарҳои ӯ таъсири рассомони машҳур А. Ватто, П. Рубенс, Н. Пуссен, К. Лоррен ва дар портретҳои ав-валинаш таъсири ҳамватанонаш У. Хогарт ва А. Ремзӣ эҳсос мешавад. Дар мусаввараҳои Томас Гейнсборо фазилатҳои накуи инсонӣ ва эҳсосоти нозуки ботинӣ шоирона ифода ёфтаанд. Махсусан, пор третҳои писарбачагону занҳоро пурҷозибаву муассир офаридааст. «Писарбачаи кабудпӯш» (1770), портретҳои Мэри Грэм (1775), Элизабет Шеридан (1783) ва ҳунарпешаи маъруф Сара Сиддонс (1785) аз он ҷумлаанд. Портретҳои ҷавондухтарон (1755-56, Нигористони миллӣ, Лондон), оилаи Халлетҳо («Сайри субҳдам», 1885-86, Нигористони миллӣ, Лондон) низ хеле самимиву табиӣ кашида шудаанд. Ба қаҳрамонҳои Томас Гейнсборо ҳаётдӯстӣ, маънавиёти ғанӣ ва хислатҳои фардӣ хос аст. Дар байни асарҳои Томас Гейнсборо манзараҳои ҳаёти деҳқонон мақоми басазо доранд («Писарбачаҳои қишлоқӣ», 1787, Музейи метрополитен, ИМА; «Аробае, ки ба ярмарка равон аст», Нигористони миллӣ, Лондон). «Бешаи Корнард» (1748), «Манзараи дарё бо саворае» (1755), «Ароба» («Бозгашт аз дарав», 1767) аз ҷумлаи корҳои маъруфи ӯянд.

Адабиёт

вироиш
  • Кузнецова И., Томас Гейнсборо. М., 1964;
  • Некрасова Е. А. Томас Гейнсборро. М., 1990;
  • Леонард Дж. Н. Мир Гейнсборо: 1727—1788. М., 1998.

Сарчашма

вироиш

Error in Template:Replyto: Username not given.