Томас Ҳилл Грин
То́мас Ҳилл Грин (англ. Thomas Hill Green; 7 апрел 1836[1][2][3][…], Йоркшири Ғарбӣ — 26 март 1882[1][2][3][…], Оксфорд[4]) — файласуфи ҳегелгарои инглис, идеологи сосиал-либерализм.
англ. Thomas Hill Green | |
Таърихи таваллуд | 7 апрел 1836[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 26 март 1882[1][2][3][…] (45 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишгоҳи Оксфорд (1859), устоди улуми фалсафӣ, профессори донишгоҳи мазкур (аз 1878). Аз фанҳои диншиносӣ, ахлоқ, фалсафаи сиёсат ва назарияи маърифат дарс медод. Дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона ширкат меварзид ва узви маҳфилҳои сиёсӣ буд. Ҳангоми муҳокимаи қонун дар бораи ислоҳот дар парлумони Англия ақидаи баробарии ҳама шаҳрвандонро дар назди қонун, ҳатто онҳоеро, ки аз моликият маҳрум буданд, тарғибу ташвиқ мекард. Ҷонибдори ба имзо расидани чунин шартномаи ҷамъиятие буд, ки дар он ҳама табақаҳои иҷтимоӣ ҳуқуқи баробар дошта бошанд ва низоми ҷомеа бояд танҳо либералӣ, яъне тобеи қонун бошад. Ин ақидаҳои Томас Ҳилл Грин ба ҳайси асосҳои фалсафаи сиёсии ҳизби либералӣ пазируфта шуд.
Муҳтавои фалсафаи сиёсии Томас Ҳилл Гринро сотсиал-либерализм ташкил медиҳад, ки дар он фардият дар ҷойи аввал қарор дорад. Бо вуҷуди ин Томас Ҳилл Грин таъкид менамуд, ки фард ҷузъи ҷомеа аст, бинобар ин шахс наметавонад аз ҷомеа ҷудо бошад ва низ дар назди ҷомеа уҳдадорӣ дошта, онро бояд бе каму кост иҷро намояд. Ақидаҳои Томас Ҳилл Грин дар давраи саноатишавии Англия, ки нобаробариҳои иҷтимою иқтисодӣ боиси қашшоқию бемориҳо ва истисмори инсон гардида буд, ташаккул ёфтаанд. Томас Ҳилл Грин тарғибгари баробарии имкониятҳо барои инкишофи ҳар як шахс буд. Ӯ ақидаҳои пешқадами либералиеро ҷонибдорӣ мекард, ки дар Англия пайрави зиёд ёфта, ҷойгузини арзишҳои либералии классикӣ гашт ва тибқи онҳо давлат ба мардум кафолати ҳуқуқӣ медод. Томас Ҳилл Грин ба мисли марксистон ҷомеаи ормониро ҷомеае мешуморид, ки дар он муборизаи синфӣ вуҷуд надошта бошад. Чунин ҷомеа, ба қавли ӯ, ба туфайли бозори озоди иқтисодӣ пайдо мешавад. Ақидаҳои Томас Ҳилл Грин илҳомбахши идеологҳои либералии Англия дар таҳияи лоиҳаи давлати иҷтимоӣ гардиданд.
Томас Ҳилл Грин дар метафизика ҷонибдори «воқеияти мутлақ» буд, ки тибқи он ҳар як фард мафҳуми мантиқист. Шуури инсон бахше аз «шуури куллӣ» буда, ба ҳеч ваҷҳ наметавонад аз ҳеч пайдо шавад. Томас Ҳилл Грин ба танқиди позитивизм пардохта, таъкид мекард: табиат низоми устувори макониву замонӣ ва мантиқиеро тақозо менамояд, ки манбаи он танҳо ақли инсонӣ шуда метавонад. Ақл умуман маҳсули табиат набуда, балки манбаъ ва созандаи он аст ва маърифати олам ҳамон вақт ба инсон муяссар мегардад, ки агар ӯ ба мабдаи ақлонӣ ё «асли рӯҳонии табиӣ»-и ҷавобгӯи талаботаш пайравӣ намояд. Ҳаёти хуш амалишавии имкониятҳои инсонӣ ва бозгашт ба «Ман»-и ҳақиқӣ мебошад. Неруи чунин «Ман» ба таъмини талаботи рӯзмарра нигаронида нашуда, балки ба неъматҳое мутаваҷҷеҳ аст, ки ақл онҳоро бинобар арзиши воло ва қадру қимати баландашон пазируфтааст. Асоси масъулияти сиёсиро мувофиқи ақидаи Томас Ҳилл Грин «иродаи умум» ташкил мекунад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 4.0 4.1 Грин Томас Хилл // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
вироиш- Грин Томас Ҳилл // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Богомолов А. С. Английская буржуазная философия ХХ века. М., 1973;
- Бальтазар Н., Дебольский Н. Томас Ҳилл Грин, Яковенко Б. В. Метафизика на рубеже эпох: Лёвенская школа. Томас Хилл Грин. Джосайя Ройс. М., 2007. Р. Назаров.