Тоҳири II ибни Абдуллоҳ

(Тағйири масир аз Тоҳири II Абдуллоҳ)

Тоҳири II ибни Абдуллоҳ - амири Хуросон аз хонадони Тоҳириён (844-862).

Тоҳири II ибни Абдуллоҳ
Тоҳири II ибни Абдуллоҳ
Амири Хуросон
844 — 862

Фарзанди Абдуллоҳ Тоҳири II (844-862) саъй кард, ки равиши падарро идома диҳад, вале замони амирии ӯ авзои Сиистон хароб гардида, шӯриши айёрон сар зад ва амалан Сиистон аз доираи ҳукмронии Тоҳириён хориҷ гашт. Дар ин вақт бар муқобили шӯриши хориҷиҳо, махсусан ҳуҷумҳои пай дар пайи қабилаҳои бодиянишини турк, ки хилофати аббосӣ ва амнияти умумии қаламрави хилофатро таҳдид мекарданд, дастаҳои ғозиён ташкил гардида, бо пурзӯр шудан онҳо ҳатто даъвои қудрати сиёсӣ мекарданд.[1]

ПайнавиштҳоВироиш

  1. Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011. – С. 97.