Тоҳирҷон Сатторов
Тоҳирҷон Сатторов — олими зоология ва экология, омӯзгор, доктори илмҳои биология (1994), профессор (1995), академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (2002). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1990).
Тоҳирҷон Сатторов | |
Таърихи таваллуд | 30 сентябр 1947 (77 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Конибодом |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | ДДОД ба номи Т. Шевченко |
Ҷоизаҳо | ва нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишТоҳирҷон Сатторов солҳои 1964–1969 дар шуъбаи биология ва химияи факултети география ва табиатшиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1969–1970 муаллими биология ва химияи мактаби миёнаи № 2 шаҳри Норак, 1970–1971 афсари Артиши Шӯравӣ (ш. Перм), 1971–1972 муаллими биология ва химияи мактаби шабонаи коргарҷавонони шаҳри Душанбе, 1972–1977 ассистенти кафедраи зоологияи донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1977–1980 аспиранти Институти зоологияи АИ ҶШС Украина, 1981–1983 муаллими калони кафедраи методикаи таълими география ва табиатшиносӣ, 1983–1985 муовини декани факултети географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе оид ба таълим, 1983–1987 ректори Донишгоҳи халқии «Муҳофизати табиат» дар назди донишкадаи номбурда буд. Солҳои 1985–1998 ҳамчун мудири кафедраи биологияи умумӣ, 1998–2009 декани факултети биология, 2009–2010 муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ оид ба корҳои таълим кор кардааст. Аз моҳи июни соли 2010 директори Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.
Фаъолияти илмӣ
вироишОид ба масълаҳои муосири таълими биология, таҳаввули олами ҳайвонот, проблемаҳои экологӣ, зоогеография ва герпетофаунаи Осиёи Марказӣ, оқилона истифода бурдану ҳифзи сарватҳои табиии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаи биология корҳои илмӣ анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 180 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ, 7 дастури таълимӣ, як монография, 4 китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва китоби дарсии «Зоология» барои синфҳои 8-уми мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мебошад. Дастовардҳои илми биологияи тоҷикро на танҳо дар ҷумҳурӣ балки берун аз он дар кишварҳои Чехословакия, Ҳиндустон, Англия, Италия, Белорусия, Украина, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон ва ғ. муаррифӣ намудааст. Бо роҳбарии ӯ 5 нафар мутахассисони ҷавон рисолаи номзадии худро дифоъ намудаанд ва якчанд нафари дигар ба тадқиқотҳои илмӣ машғуланд. Айни замон раиси Шӯрои табъу нашр, аъзои Шӯрои диссертатсионии дифои рисолаҳои номзадӣ аз ихтисоси методикаи таълими химия ва биологияи донишгоҳи омӯзгорӣ, аъзои Шӯрои диссертатсионии дифои рисолаҳои номзадии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ихтисоси зоология ва физиология, аъзои Шӯрои олимони Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Шӯрои миллии таҳсилот дар назди Вазорати маорифи Тоҷикистон мебошад. Дар таҳияи стандарти давлатӣ ва китобҳои дарсӣ аз фанҳои биология барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ иштирок намудааст.
Осор
вироиш- Пресмыкающиеся Северного Таджикистана, Д., 1993;
- Методикаи ташкил намудани дарсҳо аз биологияи умумӣ, Д., 1994;
- О необходимости экологического образования и воспитания студентов в педагогических вузах Республики Таджикистан, Д., 1995;
- Зоогеографические особенности герпетофауны Таджикистана, Д., 1997;
- Асосҳои таълимоти эволютсионӣ, Д., 1997;
- Асосҳои чорводорӣ, Д., 1998;
- Зоология (китоби дарсӣ барои синфҳои 8-ум), Д., 2001;
- Корҳои беруназсинфӣ аз биология, Д.,2003;
- Мулоҳизаҳо оид ба биологияи умумӣ, Д., 2003;
- Асосҳои методикаи таълими биология, Д., 2008;
- Истифодаи чистонҳо дар дарсҳои биология, Д., 2008;
- Ҳалли масъала ва супоришҳои экологӣ дар дарсҳои биология, Д., 2009;
- Зоологияи сутунмуҳрадорон (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултетҳои табиатшиносии мактабҳои олӣ), Д., 2010.
- Зоологияи сутунмуҳрадорон (китоби дарсӣ). Д., 2021.
Мукофот ва ҷоизаҳо
вироиш- ордени «Дӯстӣи» (2001)
- нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1990),
- ифтихорномаи Кумитаи марказии ЛКСМ Тоҷикистон ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон.