Тоҷикистон дар соли 2009
- 30 май – мувофиқи Укази Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар гуна қарзи деҳқонон, ки то 1 январи соли 2008 ҷамъ шудаанд (548 млн. доллари амрикоӣ) аз онҳо бардошта шуд.
- 1 июл – дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» ҷорӣ гардид.
- 3 сентябр – сохтмони нақби (Нақби автомобилгарди «Озодӣ») ба итмом расид.[2]Дарозии нақби «Озодӣ» — 222 метр аст.[3]
- 30 сентябр – бо қарори ЮНЕСКО «Наврӯз» ҷашни байналмилалӣ гардид. [4]
- Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 соли 2009 пурра ба фаъолият оғоз кард.[5]
- 5 октябр - дар ш.Душанбе Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» баргузор гардид. Соли 2009 – соли бузургдошти Имоми Аъзам (Абӯҳанифа) эълон гардид.
- 5 октябр – Қонуни нави забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд ва минбаъд ин рӯз ҳамчун «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд карда мешавад.
- 30 ноябр - сохтмони Хати баландшиддати барқии «Ҷануб – Шимол» (ЛЭП – 500), ки 16 сентябри соли 2006 сар шуда буд, ба итмом расид.[6]
Адабиёт
вироиш- Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – С. 555.
Эзоҳ
вироиш- ↑ www.jumhuriyat.tj. РАҲОВАРДИ ИСТИҚЛОЛ Ё БИСТ ДАСТОВАРДИ МУҲИМТАРИНЕ, КИ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНРО РАНГИН МЕСОЗАНД. 13.РОҲИ ОҲАНИ ДУШАНБЕ – БОХТАР(тоҷ.) (28 октябри 2024). 20 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Википедияи тоҷикӣ Нақби Озодӣ
- ↑ www.jumhuriyat.tj. РАҲОВАРДИ ИСТИҚЛОЛ Ё БИСТ ДАСТОВАРДИ МУҲИМТАРИНЕ, КИ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНРО РАНГИН МЕСОЗАНД. 7.НАҚБИ “ОЗОДӢ”(тоҷ.) (28 октябри 2024). 20 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Википедияи тоҷикӣ Наврӯз
- ↑ www.jumhuriyat.tj. РАҲОВАРДИ ИСТИҚЛОЛ Ё БИСТ ДАСТОВАРДИ МУҲИМТАРИНЕ, КИ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНРО РАНГИН МЕСОЗАНД. 16. САНГТӮДА – 1 ВА 2(тоҷ.) (28 октябри 2024). 20 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ www.jumhuriyat.tj. РАҲОВАРДИ ИСТИҚЛОЛ Ё БИСТ ДАСТОВАРДИ МУҲИМТАРИНЕ, КИ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНРО РАНГИН МЕСОЗАНД. 9. ХАТТИ БАЛАНДШИДДАТИ БАРҚИИ “ҶАНУБ – ШИМОЛ”(тоҷ.) (28 октябри 2024). 20 ноябри 2024 санҷида шуд.