Тоҷӣ Усмон (1906—1968) — нависанда, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС (1967), дорандаи ордени Нишони Фахрӣ, медалҳо, Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон доранда чоизаи ба номи Абуабдуллох Рудаки́. Бобои сароянда [[Манижа Сангин ва бобокалони Ашрапов Дадочон баъди марги шоир мазори он кас дар зодгохашон дехаи Унчии нохиям овозадори Бобочон Гафуров чой медиханд. Дар бораи хаёт ва фаолияти ин марги бузург асархо ва хикояхои зиёде навишта шудааст ки аз хама калонтарини он аз тарафи набераи шоир Ашрапов Дадочон бо номи "Муборизи рохи озод" дар соли 2019 навишта дар озмуни сатхи чумхурияви чойи намоёнро ишгол кард. ]][1].

Тоҷӣ Усмон
Тоҷӣ Усмон
Таърихи таваллуд: 12 июн 1906(1906-06-12)
Зодгоҳ: деҳаи Унҷӣ, ноҳияи Хуҷанд
Таърихи даргузашт: 23 октябр 1968(1968-10-23) (62 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият:
Ҷоизаҳо:
ордени «Нишони Фахрӣ» Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945"

Зиндагинома

вироиш

Дастпарвари Донишгоҳи коммунистии шаҳри Самарқанд буда, аз соли 1933 дар идораи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ба ҳайси мудири шӯъба ба хидмат пардохтааст. Аз соли 1953 дар муддати ҳашт сол котиби масъули маҷаллаи «Хорпуштак» буд.

Эҷодиёт

вироиш

Муҳимтарини офаридаҳояш маҷмӯаи хикояҳои «Кашфи асрор» (1958), қиссаҳои «Духтари ниқобдор» (1969) ва «Муборакқадам» (1966, ҳамроҳи Ашӯр Муҳаммадҷонов), очерки таърихии «Лаънаткардаи халқ» (1967) ва «Шоира Маҳастӣ» (1969) мебошанд, ки гувоҳ аз табъи саршору маҳорати нотакрори муаллифашон медиҳанд. Ҳамчунин, мураттиби китобҳои «Бисту се адиба» (1957), «Дурдонаҳои назми тоҷик» (1960), «Шоираҳои боистеъдод» (1962), «Ханда ва истеҳзо»-ст (1962). «Кашфи асрор» ва «Лаънаткардаи халқ» ба забони русӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Асарҳои Тоҷӣ Усмон дар заминаи истифодаи дақиқу устодонаи маводи таъриху зиндагӣ, эҳтирому эҳтиёти воқеияти таърихӣ, забони пухтаву ширадори тоҷикӣ ба қалам омада, муаллифашонро дар қатори муваффақтарин адибони чеҳраҳои таърихинигори тоҷик ҷою мақоми арзанда бахшидаанд.[2]

  • 23 шоира (1953)
  • Баргузидаи назми тоҷик (1960)
  • Шоира Маҳастӣ (1963)
  • Духтари ниқобдор (1965)
  • Муборакқадам (1966, якҷоя бо М.Ашӯрмамадов)
  • Лаънаткардаи халқ (1967)
  1. Алена Снежинская. РуКола: Нежный колокольчик хранит целомудрие // «DailyShow.Ru» 30.01.2008 17:36(рус.)
  2. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 246 ISBN 978-99947-2-379-9

Сарчашма

вироиш