Тригонометрия
Тригонометрия (аз юнонӣ. τρίγωνον «секунҷа» ва μετρέω «чен мекунам», яъне чен кардани секунҷаҳо) — қисми математика, ки функсияҳои тригонометрӣ ва истифода бурдани онҳоро дар ҳандаса меомӯзад.
Таърих
вироишФормулаҳо
вироиш-
Синус
-
Косинус
-
Тангенс
-
Котангенс
-
Секанс
-
Косеканс
Функсияҳои тригонометрӣ
вироишДар риёзиёт, Функсияҳои тригонометрӣ гуфта функсияҳои кунҷро меноманд; Онҳо барои омӯзиши секунҷаҳо, тарҳрезии ҳодисаҳои даврӣ ва бисёр татбиқоти дигар заруранд. Онҳо одатан ҳамчун нисбати ду тарафи секунҷаи росткунҷа, ки дорои кунҷест баён карда мешаванд. Инчунин, онҳоро чун дарозии порчаҳои гуногун аз давраи воҳидӣ таъриф додан мумкин аст. Таърифҳои нави функсияҳои тригонометрӣ онҳоро чун қаторҳои беохир ё ҳалҳои муодилаҳои дифференсиалии маълуме тавсиф дода, соҳаи қиматҳои онҳоро то ададҳои манфиву мусбат ва ҳатто комплексӣ муайян менамоянд.
Дар айни замон шаш функсияи асосии тригонометриро истифода мебаранд, ки ном ва муодилаҳои вобастагии онҳо аз ҳамдигар дар ҷадвали дар поёнбуда оварда шудаанд. Хусусан, барои чаҳор функсияи охирин, ин вобастагиҳо чун таърифи ин функсияҳо дода шудаанд, вале шумо метавонед онҳоро ба тарзи геометрӣ ё дигар намуд тасвир кунед ва ин вобастагиҳоро бароред. Чанд функсияи дигар ҳастанд, ба монанди версинус (1 − cos θ) ва экссекант (sec θ − 1), ки пештар дар ҷадвалҳои кӯҳан буданд, вале дар айни замон истифода намешаванд.