Турдибой Ҷабборов (тав. 12.06.1942, ш. Конибодом) — физик, номзади илмҳои техникӣ (1975).

Турдибой Ҷабборов
Турдибой Ҷабборов
Таърихи таваллуд 12 июн 1942(1942-06-12) (82 сол)
Зодгоҳ Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ техника
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1956–1960 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Панҷакент, 1960–1965 дар факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1968–1971 лаборанти калон ва ассистенти кафедраи физикаи умумии донишкадаи номбурда, 1971–1974 аспиранти Академияи ҳарбии муҳофизати химиявии ба номи С.К. Тимошенкои ш. Москва, 1974–1979 муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Ҳамзамон, солҳои 1975–1976 ҳамчун раиси иттифоқҳои касабаи факултети физика, 1978–1979 муовини декани факултети физикаи донишкадаи омӯзгории пойтахт оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолият дошт. Соли 1979 ба дигар муассиса ба кор рафтааст. Оид ба таъсири деформатсия ва моеъҳои фаъоли физикӣ ба гузаришҳои релаксатсионӣ дар полимерҳо кори илмӣ бурда, зиёда аз 20 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ ба нашр расонидааст. Соли 1976 шунавандаи факултети такмили ихтисоси назди Донишгоҳи давлатии Ленинград буд. Бо ифтихорномаи Вазорати мактабҳои олии ИҶШС мукофотонида шудааст.

  • Тадқиқи таъсири деформатция ва моеъҳои фаъоли физикӣ ба гузариши релаксатсионӣ дар полимерҳо, Д., 1976.

Пайвандҳо

вироиш