Ваҳдатобод

(Тағйири масир аз Туркобод)

Ваҳдатобод (собиқ Туркобод) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови ноҳияи Ваҳдат. Аз Ваҳдатобод то маркази шаҳр 7 км; рох асфалтпӯш. Аҳолиаш 4020 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Ваҳдатобод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ваҳдат
Ҷамоат Деҳоти Карим Исмоилов
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 4020 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3136

Иқтисод

вироиш

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатӣ, китобхона, клуб, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва фурӯши сӯзишворӣ, филиали «Бонки Эсхата», кооперативи истеҳсолии ба номи Карим Исмоилов ва хочагии деҳқонии «Фаровон» дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминхо аз дарҳои Кофарниҳон ва Элок обёрӣ мешаванд.

Адабиёт

вироиш