Турсунбой Аҳмадов
Турсунбой Аҳмáдов (Аҳмадов Турсунбой Абдуллоевич; тав. 3 январи 1949, деҳаи Қарақчиқум, ноҳияи Конибодом) — агрохимик – хокшинос, доктори илмҳои кишоварзӣ (2004), узви вобастаи АИКТ (2009).
Аҳмадов Турсунбой Абдуллоевич | |
Таърихи таваллуд | 3 январ 1949 (75 сол) |
Зодгоҳ | Конибодом, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | кишоварзӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои кишоварзӣ |
Алма-матер | ИХҚТ (1971) |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишТурсунбой Аҳмадов 3 январи соли 1949 дар деҳаи Қарақчиқуми ноҳияи Конибодом ба дунё омадааст. Хатмкардаи ИХҚТ (1971).
Фаъолияти корӣ
вироишКорманди хурди илмии Институти таҳқиқоти илмии зироат (1971–79), корманди илмии Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ (1979–81), ҷонишин (1981–84) ва сардори Сарраёсати меваву сабзавоти Вазорати меваю сабзавоти Тоҷикистон (1984–85), мудири шуъбаи технологияи парвариши сабзавоти Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ ва сабзавоткорӣ (1986–90), мудири шуъбаи сабзавоткорӣ (1990–92), ҷонишин ва директори Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Боғпарвар» (аз соли 1993).
Фаъолияти илмӣ
вироишТурсунбой Аҳмадов оид ба ривоҷи соҳаҳои боғу токдорӣ ва сабзавоткорӣ, истифодаи нуриҳо, тухмипарварӣ таҳқиқоти илмӣ анҷом додааст. Турсунбой Аҳмадов ҳаммуаллифи навъҳои нави пиёз («Ҳисорӣ», «Акбарӣ»), помидор («Акбаралӣ», «Муаттар», «Дубара») ва лӯбиё («Истеъмолӣ») мебошад. Муаллифи 120 таълифоти илмию тавсияномаҳост.
Ҷоизаву ҷоизаҳо
вироишБо Ордени «Шараф» (1999) қадр карда шудааст.
Осор
вироиш- Хусусиятҳо ва технологияи парвариши тухмии зироати сабзавот дар Тоҷикистон. Д., 1997;
- Таъсири нуриҳо ва дигар омилҳо ба ҷамъшавии нитрат дар маҳсулоти сабзавоту полезӣ. Д., 2001;
- Парвариши картошка дар Тоҷикистон. Д., 2003;
- Истифодаи нуриҳо дар кишти зироати сабзавоту полезии Тоҷикистон. Д., 2004;
- Низоми илмии пешбурди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон. Д., 2009;
- Навъи нави пиёзи «Аброрӣ». Д., 2009;
- Навъи нави пиёз «Ҳисорӣ». Д., 2010.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.