«Туҳфату-л-аҳбоб» (ар. تحفة الاحباب‎ — Дастовези дӯстон) — фарҳанги форсӣ ба форсӣ аз Ҳофизи Ӯбаҳӣ, таълифшуда дар соли 1530 дар Хуросон.

Туҳфату-л-аҳбоб
Шакли асари халлоқона энсиклопедия

Фарҳанг бо номҳои «Туҳфаи хонӣ», «Китоби луғати фурс», «Ҳалли луғоти порсӣ», «Луғати Ҳофизи Ӯбаҳӣ» низ ёд мешавад. Муаллиф дар таълифи ин фарҳанг аз «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ ва «Меъёри Ҷамолӣ»-и Шамси Фахрӣ истифода бурдааст. Тартиби луғат аз рӯи ҳарфи аввалу охири калимаҳост. «Туҳфат-у-л-аҳбоб» асосан луғоти қадимин забони тоҷикӣ ва баъзе калимаҳои шевагиро бо мисолҳо шарҳ медиҳад. Мисолҳо аз ашъори шоирони асрҳои 10—11 мебошанд. «Туҳфат-у-л-аҳбоб» 2400 калима дорад. Дар охири луғат чанд ибора низ эзоҳ ёфтааст.

Адабиёт

вироиш
  • Тӯҳфат-ул-аҳбоб / Ҳ. Рауфов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).