Тӯйчӣ Абдуфаттоев
Тӯйчӣ Абдуфаттоев (тав. 17. 9. 1954, деҳаи Чолотаи ноҳияи Мастчоҳ) — табиб, ҷарроҳи кӯдакон, доктори илмҳои тиб (1998), профессор (2000). Узви ҳақиқии Ассотсиатсияи байналмилалии ҷарроҳон – гепатологҳо (аз 1997), узви хадамоти Ассотсиатсияи ҷарроҳони кӯдакони Федератсияи Россия (аз 2004).
Тӯйчӣ Абдуфаттоев | |
Таърихи таваллуд | 17 сентябр 1954 (70 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Мастчоҳ |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултети педиатрии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1977). Интерни шуъбаи ҷарроҳии кӯдакони Беморхонаи клиникии Хуҷанд (1977 – 1978), ҷарроҳи кӯдакон ва мудири шуъбаи ҷарроҳии кӯдакони беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ (1978 – 1986), аспиранти кафедраи ҷарроҳии кӯдакони Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1986 – 1989), мудири шуъбаи бемориҳои қафаси синаи Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 3 (1989 – 1994). Аз соли 1994 мудири кафедраи ҷарроҳӣ, анестезиология ва реаниматологияи Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон.
Фаъолияти илмӣ
вироишБо ташаббуси Абдуфаттоев дар клиника усулҳои нави ҷарроҳии шуш, сурхрӯда, ҷигар ва роҳҳои талхадон, ҷарроҳии тармимӣ бо техникаи микрохирургӣ дар амал татбиқ карда шудааст. Муаллифи 210 мақолаи илмӣ, 46 пешниҳоди беҳсозӣ ва 10 пешниҳоди методӣ мебошад. Таҳти роҳбарии Абдуфаттоев 2 нафар рисолаи докторӣ ва 15 нафар рисолаи номзадии илмро дифоъ намудаанд.
Осор
вироиш- Оризаҳои нефролитиаз дар кӯдакон, Д., 1998;
- Проблемаҳои актуалии ҷарроҳии кӯдакон, иншоршиносӣ ва тахдиромӯзӣ, Д., 2001; Ҳуқуқи кӯдак барои муолиҷаи ҷарроҳӣ ва проблемаҳои актуалии ҷарроҳии кӯдакон, иншоршиносӣ ва тахдиромӯзӣ, Д., 2004;
- Проблемаи перитонит дар кӯдакон, Х., 2006.[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 1. А-АСОС – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2012- с. ?
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.