Тӯрсанг (форсӣ: تورسنگ‎), тӯри сангӣ, габион (фр. gabion аз итол. gabbione — «қафаси калон») — зарфи гуногуншакли симтӯрии бо санг ё шағал пуркардашуда барои аз шусташавӣ ҳифз намудани маҷрои дарё ва сохтани иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ.

Девор аз габиони замонавӣ дар Афғонистон

Габионро, маъмулан, дар шакли параллелопипеди дарозиаш 3-5 м, бараш 1-1,5 м ва баландиаш 1 м месозанд. Онро ҳангоми 1,5-3 м/с будани суръати маҷрои об истифода мебаранд. Габионҳо чун иншооти таҳкимотӣ (фортификатсионӣ) барои ҳимояи батареяҳои тӯппаронӣ (мас., дар ҷанги Наполеон, ҷанги Қрим) низ истифода мешуданд: сабадҳои симтурии зичбофтро бо хок пур карда, дар гирди тӯпҳо чун девор мечиданд, то тири душманро нигоҳ доранд. Дар садаи XX сабадҳо ба халтаҳои регдор иваз карда шуданд ва онҳо дар атрофи пулемёт чида мешуданд. Дар садаи XXI габионҳои аз сими пӯлодӣ сохташуда ва халтаҳои аз матоъи бадошт дӯхташуда, пайдо гардиданд. Онҳо чун пешина барои ҳифзи маҷрои дарёву соҳилҳо ва муҳофизат аз шикастапораҳои минаву тир дар пойгоҳҳои ҳарбӣ ҳам истифода мешаванд. Габионҳоро ҳамчун унсурҳои ороишӣ — шаклҳои ҳурди меъморӣ дар ороиши манзараҳо низ истифода мекунанд. Дар ҷумҳурӣ барои соҳилмустаҳкамкунӣ аз габионҳо — симтӯрҳои бо санг пуркардашуда (мас., дар дарёи Варзоб) ва тахтаҳои оҳанубетонӣ истифода мебаранд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш