Убайдуллоҳи Ширин
Убайдуллоҳи Ширин (15 марти 1951, ноҳияи Ёвон — 29 июли 2016, ноҳияи Ёвон) — рӯзноманигор, шоир ва нависандаи тоҷик, узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон.
Таърихи таваллуд: | 15 март 1951 |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Ёвон |
Таърихи даргузашт: | 29 июл 2016 (65 сол) |
Навъи фаъолият: |
Зиндагинома
вироишУбайдуллоҳи Ширин 15 марти соли 1951 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи рақами 1-и ноҳияи Ёвон ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Корнома
вироишАз соли 1976 дар ОКТ-48-и ноҳия ба ҳайси омӯзгор, аз моҳи августи соли 1993 то сентябри соли 1994 дар бунёди Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ фаъолият дошт. То апрели соли 1995 нозири калони шуъбаи мутахассисони корхонаи сохтмонӣ (СУ-22) буд. Аз моҳи январи соли 1996 боз омўзгори ОКТ-48 гардид. Аз моҳи октябри соли 2000-ум то сентябри соли 2001 дар мактаби миёнаи №1 ифои вазифа намуд. Муаллими калон, дорои дараҷаи олии омӯзгорӣ.
Аз моҳи октябри соли 2001 то соли 2011 дар ҳафтаномаи «Оила» ва аз соли 2011 то марти соли 2014 дар ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» кору пайкор дошт.
Узви Иттиҳодияи нависандагон ва Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон буд.
Эҷод
вироишАз соли 1967 эҷод мекунад. Китобҳояш: «Водии рангин» («Ирфон», 1985), «Боғи булбул» («Адиб»,1989), «Кулбаи афтода бояд рост кард» («Илҳом», 1988) «Зангӯлаи дор» («Адиб», 2009). Инчунин шеърҳояш дар маҷмӯаҳои дастаҷамъии «Шукуфаҳои умедбахш», «Риштаборон», «Обу ободӣ», «Меҳри падар», «Чакомаи пирӯзӣ», «Қиссаҳо пиромуни Фирдавсӣ ва қаҳрамонони «Шоҳнома»» ва ғайра чоп шудаанд.
Таҳқиқи таърихи диёрро дӯст медошт. Аз ин рў, соли 2012 тариқи нашриёти «Ирфон» китоби «Ёвон - Ориён»-ро чоп кард. Пас, китоби таърихи мактабҳои Ёвон «Бунёдгарони маърифат» (2014), «Беназир» (дар бораи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Тағоймуроди Хушвахт, 2015), «Кафи сабз» (маҷмӯаи шеърҳо, 2016) ба табъ расиданд.
Матни суруди машҳури «Духтари урметанӣ», ки бо садои Қобилҷон Зарифов ва шеъри машҳури «Имоми Аъзам» ба қалами ӯ тааллуқ доранд[1].
Ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии фарҳанги Тоҷикистон
- Аълочии матбуоти Тоҷикистон
Даргузашт
вироишУбайдуллоҳи Ширин 29 июли соли 2016 дар зодгоҳаш ноҳияи Ёвон, дар синни 65 солагӣ даргузашт[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Даргузашти Убайдуллои Ширин. Pressa.tj. 15 марти 2023 санҷида шуд.
- ↑ Умари Шерхон. Убайдуллоҳи Ширин аз дунё гузашт. javonon.tj. 15 марти 2023 санҷида шуд.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |