Убайдуллоҳи Каҳҳол
Убайдуллоҳ ибни Муҳаммад Юсуфи Каҳҳол (с. тав. ва ваф. номаълум) — пизишк ва донишманди тиб.
Зиндагинома
вироишДар садаи 16 ба сар бурдааст. Ӯ дар асоси асарҳои Ибни Сино, Илоқӣ, Абӯбакри Розӣ, Наҷибуддини Самарқандӣ ва Ҷурҷонӣ, инчунин таҷрибаҳои амалии шахсии худ соли 1598 «Шифоу-л-алил» ном асар таълиф намудааст. Як нусхаи дастхати тоҷикии он дар фонди дастхатҳои Институти шарқшиносии АИ Узбакистон зери рақами 2611 маҳфуз мебошад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Каҳҳол / Т. Аҳмадов // Ирландия — Лениннома. — Д. : СИЭСТ, 1981. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 3).