Убайдуллоҳ Убайдии Суҳравардӣ
Мавлоно Убайдуллоҳ Убайдии Суҳравардӣ (ар. عبيد الله العبيدي السهروردي; 1832 — 4 феврал 1885, Дакка, Роҷи Бритониё) — шоир, тарҷумон ва нависандаи форсизабони Ҳиндустон.
банголӣ: ওবায়দুল্লাহ আল ওবায়দী সোহরাওয়ার্দী | |
Таърихи таваллуд: | 1832 |
Таърихи даргузашт: | 4 феврал 1885 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | тарҷумон |
Зиндагинома
вироишДар зодгоҳаш маълумоти ибтидоӣ гирифта, сипас мадрасаи олии Калкаттаро хатм кардааст. Муддате садри мадрасаи Дакка буд. Бештар ба забони форсӣ шеър мегуфт. Дар ашъораш ақидаҳои ҳаётдӯстӣ, зиддидинӣ, фалсафию ирфонӣ ва панду насиҳат мавқеи калон дорад. Девони Убайдӣ ғазалиёт, рубоиёт, муқаттаот, маснавиҳои хурд ва ашъори гуногуни ӯро дар бар мегирад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Убайдӣ / А. Ғаффоров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).