Убайдулло Абдуллоев
Убайдулло Абдулло́ев (тав. 1927, деҳаи Олтинсуюқ, вилояти Фарғона, ҶШС Ӯзбекистон) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Устоди пахтаи Тоҷикистон (1962).
Таърихи таваллуд | 1927 |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Олтинсуюқ, ноҳияи Олтиариқ, ҶШС Ӯзбекистон |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишСардори звено (1944 – 52) ва бригадаи пахтакорӣ (1953 – 67), механики колхози «Ленинград»-и ноҳияи Ленин (1968 – 1983). Аз соли 1984 нафақагири шахсӣ. Ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ иқомат мекунад. Бригадаи Абдуллоев солҳои 1960 – 62 механизатсиякунонии комплексии парвариши пахтаро ҷорӣ карда, ҳосили фаровон гирифтааст. Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Абдуллоев Убайдулло // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.